Международный фестиваль моды Silk-Road (Шелковый путь)

Баъди танбеҳи раисҷумҳур: дар Ҳисор сартарошону пардозгарони чиркинкорро ҷарима карданд

197
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони соҳаи тиб рӯзи 1 сентябр дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гуфта буд, бархе аз дандонпизишкону кормандони сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Соли равон дар шаҳри Ҳисор 26 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва 12 нафар кормандони сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн барои риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ҷазо гирифтанд, хабар медиҳад "Ховар".

гуфта мешавад, дар соли 2018 аз ҷониби Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳр бароириоя накардани талаботи қоидаҳои санитарӣ нисбат ба 26 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ва 12 нафар кормандони сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

"Онҳо ба маблағи 4200 сомонӣ ҷарима шуданд. Ҳамчунин фаъолияти ду сартарошхона муваққатан боздошта шуд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони соҳаи тиб рӯзи 1 сентябр дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гуфта буд, бархе аз дандонпизишкону кормандони сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ мешавад.

197
Барчаспҳо:
сартарошӣ, Ҳисор, Тоҷикистон