Озеро Искандеркуль и змеиное озеро, архивное фото

Обуҳавошиносон: обу ҳавои камабру тағйирёбанда дар назар аст

51
(Таҷдидшуда 09:33 26.09.2018)
Имрӯз дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ВМКБ ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13, рӯзона 22+27 ва дар шарқи ин вилоят шабона -2+3 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорати ҳаво шабона ба +11 +16 ва рӯзона ба +26+31 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.

51
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, тағйирёбанда, Душанбе, обу ҳаво