Мулоқоти махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

Мулоқоти махсуси вазирони хориҷии кишварҳои аъзои МҲТБО дар СММ

70
24 сентябри соли равон дар ҳошияи Иҷлоси 73-юми Маҷмаи Умумии СММ Мулоқоти махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Ҳукумати Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин  зимни суханронии худ вазирон ва намояндагони воломақоми кишварҳои аъзоро бо нақшаҳои минбаъдаи раёсати Тоҷикистон дар МҲТБО шинос намуд.

“Таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар мулоқоти мазкур ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Шри Ланка, Туркия ва муовинони вазирони корҳои хориҷии Бангладеш, Камбоҷа, Ҳиндустон, Эрон, Таиланд суханронӣ намуданд”, - таъкид намуд манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ,  Сироҷиддин Муҳриддин  зимни суханронӣ ба зарурати тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа, аз ҷумла дар соҳаҳои  рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, содагардонии раванди савдо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, гардиши озоди молу хадамот, сармоя ва одамон таъкид намуд.

70
Барчаспҳо:
вазорати корҳои хориҷӣ, Тоҷикистон, Афғонистон, ҷаласа, СММ