сайёҳони дучархарони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон кушта шуданд . 29 июли соли 2018

Додситонии кул: Ҳусейн Абдусамадов метавонад ба ҳабси абад маҳкум шавад

205
Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи Ҳусейн Абдусамадов, нафари муттаҳам дар ташкили ҳамла ба сайёҳони хориҷиро анҷом додааст

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik.  Нисбати Ҳусейн Абдусамадов, нафари муттаҳам дар ташкили ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ аз рӯи чанд моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тибқи қонун барои содир намудани ин ҷиноят Абдусамадов метавонад аз 23 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шавад

Манбаъ таъкид намудааст, ки тафтишот ба анҷом расидааст ва парванда ба зудӣ барои муҳокима ба додгоҳ фиристода мешавад.

Ёдрас мешавем, 29 июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара чанд муттаҳам ба гурӯҳи сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ҳамла оварданд. Дар пайи он 4 гардишгар кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

205
Барчаспҳо:
роҳбар, гурӯҳ, Данғара, сайёҳон, ҳабси абад, ҳабси абад