Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Раҷаббой Аҳмадзода, Шӯрои рушди технологияҳои нав таъсис дод

108
(Таҷдидшуда 17:59 26.09.2018)
Тибқи қарори навбатии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Шӯрои рушди технологияҳои нав дар назди Раиси вилояти Суғд таъсис ёфтааст

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вилояти Суғд, қарори Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи таъсис додани Шӯрои рушди технологияҳои нав дар назди Раиси вилояти Суғд 25 сентябри соли равон ба тасвиб расид.

“Шӯрои рушди технологияҳои нав бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят таъсис дода мешавад”, -таъкид кардааст манбаъ.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, тибқи қарори мазкур дар ҳайати Шӯрои рушди технологияҳои нав муовинони Раиси вилоят, мудирону сардорони шуъбаву раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва олимон шомил мешаванд.

Раёсати Шӯро бар души Раиси вилоят  вогузор карда шудааст.

108
Барчаспҳо:
навоварӣ, раиси Суғд, ихтироъкорӣ, Шӯро, Суғд, Раҷаббой Аҳммадзода
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон

Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

79
(Таҷдидшуда 20:40 07.07.2020)
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

79
Барчаспҳо:
хона, Тоҷикистон
Гипермаркет Ашан в Душанбе, архивное фото

Сигоркашӣ дар ҳоҷатхонаи занона: сабаби сӯхтор дар Ашан маълум шуд

1720
(Таҷдидшуда 21:59 07.07.2020)
Омили сар задани сӯхтор дар бузургтарин фурӯшгоҳи маркази пойтахт "Душанбе - Мол" маълум гардид. Маъмурияти фурӯшгоҳ мегӯяд, сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона кашида шуд, вале пурра хомӯш нашуда буд, ба сӯхтор оварда расонд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона пас аз дуд задан пурра хомӯш нашуда буд, ба оташсӯзӣ дар бузургтарин фурӯшгоҳи пойтахт "Душанбе - Мол" оварда расонд. Дар ин бора маъмурияти фурудгоҳ дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук хабар доданд.

"Сӯхтор ба иллати дар ҳоҷатхонаи занона дар ошёнаи сеюм хомӯш нагардидани сигор сар задааст", - гуфта мешавад дар сафҳаи расмии ин марказ дар Фейсбук.

Қайд гардидааст, ки кормандони маркази савдо фавран барои хомӯш кардани сӯхтор чораандешӣ намуданд. Аммо дуд тавонист тавассути вентилятсия то қабатҳои поён ва ҳатто то таваққуфгоҳ паҳн шавад.

Маъмурияти марказ таъкид намуданд, ки дар зудтарин фурсат "Душанбе - Мол" ба қабули муштариён шурӯъ мекунад.

1720
Барчаспҳо:
маркази савдо, сӯхтор