Зиндагии чӯпон дпр Олтай

ФАО барои гову гусфандҳои Тоҷикистон 100 адад мотосикл дод

149
(Таҷдидшуда 18:54 26.09.2018)
Созмони ҷаҳонии озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ба бойторҳои Тоҷикистон мотосиклу асбобҳои бойторӣ месупорад

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Созмони ҷаҳонии озуқа ва кишоварзии СММ ба Тоҷикистон 100 адад мотосикл ва асбобҳои бойторӣ пешниҳод намудааст, иттилоъ додааст намояндагии Итиҳодияи Аврупо дар Душанбе.

Таҷҳизотҳо ва мотосиклҳои Irbis Intruder XY150 ба хоҷагидорони дурдасти Тоҷикистон супурда мешаванд.

Таъкид шудааст, ки таҷҳизоту техникаҳои мазкур миёни бойторони ниёзманд тақсим карда мешавад.

Барои мислол, таҷҳизоту техника ба нафароне  дода мешавад, ки дар маҳалҳои дурдаст фаъолият мекунанд ва аз надоштани нақлиёту таҷҳизот танқисӣ мекашанд.

Созмони мазкур кумакҳои худро дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи чорсолае, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо роҳандозӣ шудааст,пешниҳод кардааст.

Дар назар аст, ки ҳафтаҳои наздик 100 мотосикл ва таҷҳизот миёни бойторон тақсим карда шавад.

Масофаҳои дарози миёни бисёр деҳаҳо ба ноҳияҳо, норасоии нақлиёти лозимма ва роҳҳои таъмирнашуда, монеаи хизматрасонииҳои босифати бойторӣ мешаванд.

Ҳамин тавр кумаки мазкур метавонад хизматрасониҳои бойториро дар Тоҷикистон фаъолтар намуда ба соҳаи рушди чорвопарварӣ суръат бахшад.

149
Барчаспҳо:
Хадамоти бойтории вазоарти кишоварзии Тоҷикистон, пизишк, таҷҳизот, кумак, СММ