Дидори Шодихон Ҷамшед бо мудири кулли Тссел

Яроқро супориданд?: маҷлиси назоратии Шодихон Ҷамшед барои ҳисоботи масъулин

265
(Таҷдидшуда 20:12 26.09.2018)
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар маҷлиси назоратӣ ҳисоботи масъулинро дар бораи ихтиёрӣ супоридани яроқу аслиҳа аз ҷониби сокинон гӯш мекунад

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ сокинон бо хоҳиши худ яроқ ва аслиҳаҳоеро, ки ғайриқонунӣ нигоҳ медоштанд, месупоранд. Дар ин бора хабаргузории  ТоҷикТА иттилоъ додааст.

Ҳамчунин сокинони маҳаллӣ гурӯҳҳо ташкил карда, шишаҳои сиёҳи  мошинҳоро тоза мекунанд ва худравҳоро ба қайди давлатӣ мегузоранд.

Ба иттилои манбаъ,  раиси вилоят Шодихон Ҷамшед фардо, 27 сентябр маҷлиси назоратӣ баргузор карда,  ҳисоботи масъулинро дар бораи маъракаи яроқсупории сокинон гӯш мекунад.   

Гуфта мешавад, яроқ ва силоҳҳои худро асосан ҷангиён ва қумандонҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба мақомот месупоранд.

 

265
Барчаспҳо:
яроқпартоӣ, Шодихон Ҷамшед, ВМКБ, Тоҷикистон