Автомобильные пробки, архивное фото

Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфт

772
(Таҷдидшуда 16:16 28.09.2018)
Бо вуҷуди афзоиши воридоти мошин, талабот ба он ҳанӯз кам арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Ҳаҷми воридоти нақлиёт дар Тоҷикистон 76,3 дарсад афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ҳаҷми маблағи умумии воридот дар моҳҳои январ-августи соли равон 196,6 миллион долларро ташкил додааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ин нишондиҳанда 111,5 миллион долларро ташкил медод.

Ҳамин тавр, ҳаҷми воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон  85,1 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Инчунин, манбаъ такид намудааст, ки содироти нақлиёт ба хориҷ аз кишвар дар зарфи ҳашт моҳи соли равон 75,7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Новобаста аз афзоиши воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон талабот дар бозори дохилӣ кам боқӣ мондааст. Эҳтимол меравад теъдоди мошинҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти мошинҳои боркаш барои татбиқи лоиаҳои сармоягузорӣ афзоиш ёфтааст.

Мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон аз кишварҳои Балтика ва Аврупо ворид мегардад. Мошинҳои боркаш бештар аз Чин вориди кишвар мешаванд.

Бештар ба Тоҷикистон мошинҳои кӯҳна ворид мегарданд, ки арзишашон нисбат ба мошинҳои нав арзон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, шурӯъ аз санаи 15-уми феврали соли 2018 воридоти ҳамагуна мошинҳои соли бароришашон аз 2005 поён манъ карда шуд.

772
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, воридот, афзоиш, худрав, мошин
Автобусы которые будут производить на новом заводе AKIA AVESTA

Дар Душанбе хатсайри нави автобусӣ ба роҳ монда мешавад

4
(Таҷдидшуда 18:21 05.08.2020)
Шаҳрдории Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар Душанбе хатсайри нави автобусии №41 ба роҳ монда мешавад, гузориш медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз 10 августи соли  равон дар шаҳри Душанбе  хатсайри нави автобусии №41 (Дарвозаи Ғарбӣ-Бозори Кӯшониён) ба фаъолият оғоз менамояд.

Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву  хиёбонҳои Нусратуло Махсум, А. Навоӣ, Карамов,  Рӯдакӣ ва Ҳ. Шерозӣ ҳаракат менамоянд. 

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  пойтахт мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад", - менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ду-се соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.

Тавре мутахассисон иброз доштанд, автобусҳои "AKIA"   дорои 26 ҷойи нишаст   буда,  таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз  дигар  автобусҳо бартарӣ доранд.

Муҳаррики он истеҳсоли ширкати "Мерседес Бенс" мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад.

"Бе кондуктор": дар роҳҳои Душанбе маршруткаҳои сохти Тоҷикистон пайдо шуданд - видео

Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.

4
Флаг Ирана

Вокуниши мақомоти Эрон бар филми “Хиёнат”

33
Ахиран филме бо номи “Хиёнат” дар тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ин филм, ки ҳеч ному нишоне аз созандаи он вуҷуд надорад, асосан суҳбат аз ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва роҳбари он Муҳиддин Каибирӣ рафтааст.

“Хиёнат” ба сурати як мустанади 210 дақиқаӣ дар се бахш намоиш дода шуд, ки дар он эътирофоти афроди маҳкум ва боздоштшуда пахш гардидааст.

Бештар эътирофоти писари ама, бародарзан ва ронандаи роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ оварда шудааст.

Дар ин филм борҳо ба “Кишвари барои мо маълум” ишора мешавад, ки бархе расонаҳои мухолифи Эрон ин кишварро Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста, бардошт аз ин филмро дахолати Эрон дар умури дохилии Тоҷикистон зикр кардаанд.

Зеро дар ин филм гуфта мешавад, ки кишвари барои мо маълум ба ҷавонони тоҷик омӯзишҳои низомӣ ва террористӣ медодааст, то алайҳи ҳукумати ин кишвар иқдом кунанд.

Дар ин замина Алии Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон ба хабарнигори Sputnik Эрон дар Теҳрон гуфт: - Мо муҳтавои филм ва ё нияти созандагони номаълуми онро бар асоси тафсирҳои расонаӣ қазоват намекунем. Эрон ва Тоҷикистон як рӯҳ дар ду бадан ҷуғрофиёӣ ҳастанд.

Мо муттааҳид ба олитарин сатҳи эҳтиром ба ҳукумати мустақил ва роҳу равиши зиндагӣ дар кишвари Тоҷикистон ҳастем.

Ҳамчунин иродаи мо дар муроқибат аз ин муносибатҳои таърихиву гусастнопазир дар баробари сӯитафоҳумҳо ва сӯизанҳои (бадгумониҳои) тавтеаомез, тағйирнопазир буда ва таҳти таъсири фазосозии расонаӣ қарор нахоҳад гирифт.

 Алии Рабеӣ бо таъкид бар муштаракоти густардаи фарҳангӣ ва торихии ду кишвар, изҳор дошт: - Мо аз тамоми ҳунармандону мустанадсозон даъват мекунем, ки ҳиммати бештаре барои бознамоии умедофарӣ аз аҳамияти равобити миёни Эрону Тоҷикистон ва зарурати густариши он то сарҳади баҳрабардории ҳаддиаксарӣ аз тамоми зарфиятҳои билқувваи ду миллат ба харҷ диҳанд.

33
Барчаспҳо:
телевизион, вокуниш, филм, Тоҷикистон, Эрон