Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Аз Бунёди Оқохон ба Ҳукумат: раисиҷумҳур Ёдгор Файзовро раиси ВМКБ таъин кард

2110
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Шодихон Ҷамшедро аз мақоми раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барканор кард

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Файзов Ёдгор Доёрович иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Ёдгор Файзов то ҳол роҳбарии барномаи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон сабаби барканории Шодихон Ҷамшед гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст. Аммо мақоми нави Шодихон Ҷамшед то ҳол маълум нест.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ВМКБ аз иҷро нашудани бархе супоришҳо ва таъмин набудани волоияти қонун интиқод карда, ба роҳбарони вилоят як моҳ муҳлат дод. Аммо баъди як ҳафта ҳамаи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва навоҳӣ ва ду ҳафта пас раиси вилоятро иваз намуд.

 

2110