Флаг России и Таджикистана, архивное фото

Дар шаҳри Маскав ва Санкт-Петербург рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад

48
Рӯзҳои 6-10 октябри соли равон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Русия рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия баргузор мегарданд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” ҳадаф аз баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус мебошад.

Ҳайати расмӣ бо роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб сафар мекунад.

Ба ҳайати эҷодӣ,  ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола» ва Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон "Парасту" шомиланд.

Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузории барномаҳои консертии устодони санъат ва ҷавонони болаёқат, намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, намоиши аккосии "Тоҷикистони муосир", намоиши китобҳои тозанашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва муаррифии асарҳои як зумра адибони тоҷик ба забони русӣ дар назар аст.

Дар маросими ифтитоҳи, ки 7 октябр дар саҳнаи нави Театри калони академии Русия дар шаҳри Москва ва 8 октябр дар толори Театри калони драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург оғоз мегардад, барномахои консертӣ баргузор мешавад. Қабл аз барномаи консертӣ дар шаҳри Москва намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аккосӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин намоиши аксҳо ва китобҳои тозанашр дар Китобхонаи давлатии Русия ва нишасти матбуотӣ ба шарафи рӯзҳо дар Театри калони академии Русия дар назар дошта шудааст.

48
Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, Маскав, рӯзҳои фарҳангӣ, Русия, Тоҷикистон, фарҳанг
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков: дар ҳар як мулоқот бо Раҳмон мо масъалаи сарҳадро муҳокима мекунем

76
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як мусоҳиба мавзӯи коронавирус ва вазъи сарҳадиро бо Тоҷикистон матраҳ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Дар ҳоли ҳозир корҳо барои мушаххас кардани сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон идома доранд, гуфт п резиденти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар мусоҳиба бо радиои "Биринчи Радио".

Президент қайд кард, ки вақте кор беҳтар шуд, музокирот пас аз паҳншавии коронавирус қатъ карда шуд, аммо ба ҳар ҳол, мулоқотҳо оид ба ин масъала, хусусан дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, идома доранд.

"Дар ҳама ҷое ки мо бо ҳамтои тоҷикам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекардем, мо ҳамеша масоили сарҳадро баррасӣ мекунем. Ислоҳотҳо ҳастанд, аммо мушкил тавре ки ман қаблан зикр кардаам, ҳалли худро наёфтааст. Аммо, миёни ду кишвар ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад" гуфт Жээнбеков.

Коронавирус ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонд

Сарвари Қирғизистон қайд кард, ки баъзан шиддат дар масъалаҳои марзӣ бо мушкилоти ҳамарӯза афзоиш меёбад, аз ин рӯ мақомоти маҳаллӣ бо мардум зич ҳамкорӣ мекунанд.

Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

Жээнбеков илова кард, ки ин мавзӯъро яктарафа ҳал кардан мумкин нест. Вай изҳори итминон кард, ки мавзӯи баҳсбарангез тавассути гуфтугӯ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

76
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, музокирот, сарҳад, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон, Тоҷикистон
Люди в защитных масках

Сабти 39 мавриди тозаи сироятшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат

441
Дар Тоҷикистон шабонарӯзи ахир 39 мавриди тозаи гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид. Вазорат мегӯяд, ягон ҳолати фавт сабт нашуд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 94 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7745  нафар баробар гардид.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Ҳамзамон, то санаи  8 август дар мамлакат  6528  (84,2%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

441
Барчаспҳо:
омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон