Сафири Қазоқистон Нурлан Сейтимов ба собиқ вазири корҳои хориҷаӣ Тоҷикистон Талбак Назаров медал ба номи Нозир Тюряқулов супорид

Талбак Назаров собиқ вазири коҳои хориҷаи Тоҷикистон соҳиби медали Қазоқистон шуд

277
Талбак Назаров, собиқ вазири корҳоит хориҷаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон шуд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik.  Бино ба иттилои сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, 1 октябри соли равон Нурлан Сейтимов, Сафири Қазоқистон дар ин кишвар дар ҳузури Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва кормандони вазорат,  ба собиқадори хизмати дипломатӣ Талбак Назаров ҷоизаи олии дипломатии Қазоқистон - медали ба номи Назир Турақуловро супорид.

Ба иттилои манбаъ, Талбак Назаров, ки 12 сол вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, барои таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Қазоқистон, кӯшишҳои ӯро дар боло бурдани ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷаи ду кишвар қадрдонӣ кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид намуд, ки муносибатҳои байнидавлатии Қазоқистону Тоҷикистон ба рӯҳияи баланди шарикии стратегӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов ҳоҳони он шуд, ки насли ҷавони дипломатҳои Тоҷикистон аз таҷрибаи ғании дипломатии Талбак Назаров бархурдор гарданд. Сафир ҳамчунин аҳли кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо иди касбӣ – Рӯзи дипломатҳо муборакбод кард.

277
Барчаспҳо:
Қазоқистон, вазорати корҳои хориҷӣ, вазири хориҷа, медал, ҷоиза