Душанбе, архивное фото

Ҳушдори обуҳавошиносон дар бораи борону барф ва поин омадани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон

226
(Таҷдидшуда 11:08 05.10.2018)
Обуҳавошиносони Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳарорати ҳаво дар ҳафтаи равон то -10 дараҷа паст мешавад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз 8 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ боридани борону барф дар назар буда, ҳарорати ҳаво то 14 дараҷа поин меравад.

Пас аз 9 октябр боришот хотима ёфта, аммо ҳарорати ҳаво рӯз то рӯз поин меравад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +8+10 ва рӯзона +27+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои абрнок   дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона -1-6 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  ҳаво дар водиҳо шабона +9+14  ва рӯзона +26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат шабона ба +7+12 ва рӯзона ба +25+30 дараҷа мерасад.

226
Барчаспҳо:
ҳарорати ҳаво, борону барф, Душанбе, Тоҷикистон, обу ҳаво, Ожонси обуҳавошиносӣ