Имзои 7 созишномаи нави ҳамкорӣ бо Ҷопон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПремьер-министр Японии Синдзо Абэ и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Премьер-министр Японии Синдзо Абэ и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Синдзо Абэ, сарвазири Ҷопон мулоқот намуданд ва пас аз он 7 санади нави ҳамкориро ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Ҷопон зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ - гуманитарӣ, табодули таҷрибаи доираҳои илмии ду кишвар, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони тоҷик дар муассисаҳои олии Япония ба хотири рушди неруи инсониро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, пас аз мулоқот зимни суханрониаш таъкид намудааст, ки дар давоми муносибатҳои якҷоя зиёда аз 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Япония бо маблағи беш аз 350 миллион доллари америкоӣ татбиқ гардид ва ҳамаи ин барномаҳо бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон тавъам мебошанд.

Встреча Рахмона с главой нижней палаты парламента Японии Тадамори Ошима  - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷопонро ба Тоҷикистон даъват кард

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон аз таҷдиди роҳи мошингарди “Дӯстӣ-Панҷи Поён” ва “Қӯрғонтеппа - Дӯстӣ” ёдрас шуда, афзуд, ки роҳи мазкур яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Манбаъ гуфт, ки дар ҷараёни мулоқот саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) ва Муколамаи “Япония + Осиёи Марказӣ” барои таҳкими ҳамкорӣ қайд гардид.

Инчунин манбаъ таъкид кардааст, ки ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот барои ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории техникӣ-гуманитарӣ, татбиқи 50 санади ҳамкории қаблан имзошуда, иштироки ҷониби Япония дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, таҳқими ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии молиявӣ, ҷалби мустақими сармояи японӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ, табодули андеша карданд.

Премьер-министр Японии Синдзо Абэ и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Бо созу сарбоз: нахуствазири Ҷопон Раҳмонро дар рӯзи зодрӯз пуршукӯҳ пазироӣ кард

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот бо иштирок ва дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ нахуствазири Ҷопон, 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Нахуст зери Изҳороти муштарак доир ба тақвият ва густариши минбаъдаи шарикии нав миёни Тоҷикистон ва Ҷопон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ имзо карданд.

Сипас, аз ҷониби намояндагони расмии ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расид:

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2019-2021;

- Ёддоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS);

Встреча Рахмона с Императором Японии Акихито - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбати Раҳмон бо императори Ҷопон Акихито дар рӯзи зодрӯзаш

- Созишномаи грантии лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)”;

- Ёддошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Ҷопон Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Ҷопон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиши Ҷопон;

- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷопон.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо 40 миллион доллари америкоиро ташкил дода, нисбат ба соли пешин 10 миллион доллар зиёд аст.

Лентаи хабарҳо
0