Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото

Кӯмак ба занон, ҷалби 57 миллион доллар: сӯҳбати Ёдгор Файзов бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

889
Раиси ВМКБ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард. Дар мулоқот рушди соҳаҳои гунонгун дар Бадахшон бо ҷалби сармояи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Таъкид кардид, ки пеш аз ҳама лоиҳаҳои занони танҳо маблағгузорӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар Хоруғ бо намояндани Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад сухангӯи раиси вилоят Нилуфар Асламшоева.

Дар мулоқот рушди соҳаҳои гунонгун дар Бадахшон бо ҷалби сармояи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Таъкид кардид, ки пеш аз ҳама лоиҳаҳои занони танҳо маблағгузорӣ мешавад.

"Раиси вилоят ва намоядагони бонк таъкд доштанд, ки минбаъд Бонки чаҳонӣ дар ВМКБ ва вилояти Хатлон  бо ҷудо намудани 57 миллион доллар барномаҳои гуногунро дар чор самт амалӣ хоҳад кард", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Рушди инфрасохтор, беҳбудӣ бахшидан ба рушди иқтисод тавассути дастгирии сектори хусусӣ, соҳибкорон ва муҳоҷирон, кор бо ҷавонон ва занон ва тавсеаи ҳамкории байнисарҳадӣ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Узбакистон аз самтҳои асосии ин ҳамкорӣ унвон карда шуданд, таъкид мекунад манбаъ.

"Бартарият ба лоиҳаҳои бонувоне дода мешавад, ки ҳамчун зани танҳо дар хоҷаги истиқомат доданд.
Ба хотири шаффоф маблағгузории намудани лоиҳаҳо онхо бояд бо тамоми кишрҳои ҷомеа, аз қабили занон, ҷавонон, собиқадорон ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо мувофиқа карда шаванд", - меафзояд сухангӯи раиси вилоят.

Барномаи мазкур дар доираи амалисозии сиёсати дарҳои бозӣ кишвари соҳибистиқлоламон амалӣ гардида, чун нишони ҳамкориҳои самарабахши Ҳукумати кишвар бо ташкилотҳои байналхалқӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар-таъмини ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванд мусоидат хоҳад намуд.

889