ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Имрӯз, 7 октябри соли равон сафари расмии Рам Натҳ Ковинд, раисҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон шурӯъ шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Ҳиндустонро муовини нахуствазири Тоҷикистон Муҳмадтоир Зокирзода ва дигар намояндагони ҳукумати кишвар пешвоз гирифтанд.
Дар доираи сафари расмии Рам Натҳ Ковинд, раисҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон мақомоти ду кшивар дар сатҳи олӣ мулоқот анҷом хоҳанд дод.
Ёдрас мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд,ки зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рам Натҳ Ковинд масъалаи пурзургардонии асосҳои ҳуқуқи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои палатаи савдои Тоҷикистон ба муносибати сафари Рам Натх Ковинд намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар арзёбӣ шудааст.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik.18 январ ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун тими "Хуҷанд"-ро мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев тамрин хоҳад дод, ки солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.
Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.
Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра ба даст овард.
Дар мавсими 2020, Хоҷаева ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд.
"Ҳиссиёти махсус дорам, хеле шодам, ки бори дигар ба ин тими калон, ки дорои таърих ва анъанаҳои бой аст, боварӣ карданд. Мехоҳам ба роҳбарияти вилояти Суғд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори маҳфил Муроҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони "Хуҷанд" ҳастем".
Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд
Ӯ гуфтааст, ҳамчун як футболбоз ба Хуҷанд омад, ин дастаро тамрин медод ва медонад, ки мардум дар ин ҷо ба таври хос тимро дӯст медоранд ва дастаи худро дастгирӣ мекунанд.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳавошиносон дар Тоҷикистон боришоти барфи тару боронро пешбинӣ карданд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар Душанбе ҳавои нимаабрӣ ба қайд гирифта шуда, баъзан борон меборад, ҳарорат рӯзона то + 12-14 ℃ гарм ва шабона 1-3 ℃ сард хоҳад буд.
Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ бориш на танҳо дар шакли борон, балки барф, шамол низ ба назар мерасад. Дар водиҳо шабона ҳарорат ба сифр ва дар кӯҳҳо ба -3 дараҷа мефарояд ва рӯзона, сарфи назар аз номусоидии ҳаво, ҳаво то 10-15 гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-5,5мм) пешгӯи мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 12-17 дараҷа хунук мешавад.
Ба Тоҷикистон гармӣ меояд - пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои ҳафтаи нав
Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, чунин ҳолат ба назар мерасад, барфу борон меборад ва дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона то -2 дараҷа ва рӯзона то + 11 дараҷа мебарояд.
Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо каме борон меборад, рӯзона то + 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.