Маблағ, акс аз бойгонӣ

Боздошти сармеъмор Убайдуллозода ҳангоми порагирӣ

1399
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти сармеъмори ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар порагирию қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсӣ, ба ин ниҳод як шаҳрванд муроҷиат намуда, арз доштааст, ки сармеъмори ноҳияи Носири Хусрав, Убайдуллозода Суҳроб барои ҷудо намудани  0,6 га замини наздиҳавлиги аз ӯ 2 ҳазор сомонӣ гирифта, боз 8 ҳазор сомониро талаб карда истодааст.

“Убайдуллозода Суҳроб ҳангоми аз шаҳрванд Кучкаров Рамазон гирифтани 8 ҳазор сомонӣ дастгир гардид ва маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ мусодира шуд”, - иттилоъ доддаст Ожонсӣ.

Манбаъ афзуд, ки алайҳи Убайдуллозода Суҳроб бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

1399
Барчаспҳо:
лоиҳаи меъморӣ, парванда, боздошт, фасод, Тоҷикистон