Гулов Диловар

Писари Шералӣ Гул ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

496
(Таҷдидшуда 18:42 08.10.2018)
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гулро ва 4 шарикашро бар асоси қисми сеюми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноӣ дар авбошӣ гунаҳкор шинохт

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноату энергетикаро барои авбошӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Додгоҳ Диловар Гулов ва 4 шарикашро дар авбошӣ гунаҳкор донистааст.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки додситонии шаҳри Душанбе алайҳи Диловар Гулов бо итиҳоми авбошӣ бо силоҳ ё ашёе, ки ба сифати силоҳ истифода шудааст, айб эълон кардааст.

Тавре расонаҳои Тоҷикистон аз қавли додситонии Душанбе иттилоъ доданд, парванда бар асоси моддаи 237 оғоз гардида ва дар доираи ин қазия 4 шарики дигари Гулов, аз ҷумла ду варзишкор ба ҳабс гирифта шудаанд.

Боздошти писари собиқ вазири энергетика ва саноат, шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Писари Шералӣ Гул бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

496