Болғаи додгоҳ

Арафаи ҳамоиши миллӣ: пешниҳодҳо барои дастрасии беҳтар ба адолати судӣ

59
(Таҷдидшуда 14:50 09.10.2018)
Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон масоили марбут ба чорумин Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар кишварро, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Чорумин Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ  2 ноябри соли равон дар назар дошта шудааст.  Ин ҳамоиши миллӣ аз соли 2015 ба баъд ҳамасола як маротиба дар моҳи ноябр баргузор мегардад.

Дар ин форум гурӯҳҳои корӣ вобаста ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқии давлат ва рушди қонунгузорӣ, дастрасӣ ба адолат ҳамчун кафолати конситутсионӣ, ҳуқуқ ва иқтисод, сиёсати ҷиноятию, мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият мекунад. 

Аъзои шабакаи Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таҳлили вазъи баргузории се форуми гузашта, изҳор доштанд, ки нақши ташкилоти ҷамъиятӣ дар чунин ҳамоишҳо бояд бештар гардад.

Дар форуми миллӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандию соҳибкорӣ, доираҳои илмӣ ба ҳам меоянд ва ҳадафи форум таъмину пойдори волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, таҳкими сулҳу субот ва рушди соҳибкорӣ унвон мешавад.

Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омадани форуми миллиро муваффақият медонанд, вале таъкид мекунанд, ки то ҳол вобаста ба иҷрои тавсияҳои форум кори назаррасе анҷом нашудаааст. Агарчи дар поёни ҳар форум эъломия қабул гардида,  нақшаи амал мушаххас мегардад.

Дар эъломияи Форуми сеюм миллӣ, ки соли 2017 қабул гардид, зарур шуморида шуда буд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани ихтилофот, номутобиқатӣ, такроршавӣ ва аз байн бурдани меъёрҳои ҳуқуқии моҳияташон гумшудаю камсамар диққати ҷиддӣ дода шавад. Бо мақсади ҳалли то судии қазияҳо пешнависи Қонун “Дар бораи медиатсия” омода гардад, зарурати таҳияи қонун “Дар бораи тиҷорати электронӣ” омӯхта шавад.

Инчунин пешниҳод шуда буд, ки мақоми ягонаи мустақили давлатии экспертизаи судӣ-криминалистӣ баррасӣ гардад.

Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар асоси иҷозатнома ба коршиносони мустақил барои гузаронидани экспертизаи судӣ-криминалистӣ иҷоза дода шавад.

Дар эъломияи қабулгардидаи Форуми дуюми миллӣ, ки соли 2016 гузашт, таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи рушд ва нигоҳдоштани касбу ҳунарҳои милии мардумӣ” муҳим дониста шуда, дар қонунгузории андоз принсипи духурагиҳо ва нофаҳмиҳо ба фоидаи андозсупоранда тафсир мегардид.

Масъалаи хориҷ намудани ҷазои “маҳрум кардан аз озодӣ”, татбиқи ками он дар қонунгузории ҷиноятӣ ва ба ҷойи он ҷорӣ намудани дигар намуди ҷазое, ки бо маҳрум сохтан алоқманд нест, низ зарур шуморида шуда буд.

Таъсиси мақоми ягонаи доимамалкунанда оид ба ҳуқуқи инсон низ тавсияи дигари форуми дуюми миллӣ буд.

Дар эъломияи Форуми якуми миллӣ, ки соли 2015 қабул гардида буд, идомадиҳии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани механизми ёрии ҳуқуқии ройгон, диққат додан ба масъалаи адолати судӣ нисбат ба ноболиғон ва мустаҳкамнамоии мустиқалияти судҳо таъкид шуда буд.

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дурнамои муколимаи минбаъда, табодули таҷриби майдонҳои қиёсии муколама бо сохторҳои давлатиро муҳим медонанд.

59