Ҳавои сард: имрӯз низ дар Тоҷикистон борону барф меборад

© PixabayГоры в Таджикистане. Архивное фото
Горы в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тавре Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-5, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9 ва рӯзона +2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар минтақаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +5+10 ва рӯзона ба +11+16 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона +6+8 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0