Ли Кэцян, архивное фото

Чин ҷузъиёти сафари нахуствазираш ба Тоҷикистонро шарҳ дод

326
Вазорати корҳои хориҷаи Чин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар бораи мақсади сафари дарпешистодаи нахуствазири Чин ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.  Чжан Ханхуэй, ёвари вазири корҳои хориҷаи Чин таъкид намуд, ки Тоҷикистон яке шарикони ҳамаҷонибаи стратегии Чин буда, яке аз иштироккунандагони муҳими лоиҳаи "Як банд-як роҳ" мебошад.

Инчунин вай афзуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони аслӣ дар соҳаи ҳамкориҳои амниятӣ дониста мешавад.

“Дар ҳоли ҳозир ҳамкориҳои ду кишвар ҳамаҷониба рушд доранд. Мулоқоти намояндагони ду кишвар дар сатҳи олӣ ба маротиб афзудааст. Боварии сиёсӣ низ бештар шудааст. Ҳамкориҳои амалӣ барои рушди равобити байналмилалӣ ва минтақавӣ натиҷаҳои хуб ба бор меорад”, - гуфт вай.

Чжан Ханхуэй, таъкид намуд, ки ин нахустин сафари расмии Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чин ба Тоҷикистон аст. 

“Ин сафар барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии ҳамаҷонибаи стретегӣ аҳмияти муҳим дорад. Инчунин, дар сафари мазкур нахуствазири Чин бо мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи "Як банд-як роҳ "  ва  тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи иқтидори истеҳсолӣ миёни ду кишварро баррасӣ хоҳад кард”, - афзуд вай.

Қарор аст, Ли Кэтся бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи рушди ҳамкориҳои мутақобил дар шароити имрӯза, ҳамкориҳо дар лоиҳаи "Як банд-як роҳ " ва дар масъалаи мушкилоти муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар кунанд.

Вай таъкид намуд, ки тарафҳо чанд созишномаро дар соҳаи тиҷорат ва гумрук, инчунин дар соҳаи ҳамкории минтақавӣ ба имзо расонад.

Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чин аз 11 то 12 октябр дар нишасти Шӯрои роҳбарони ҳукумати  Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунад.

Ли Кэтсян, баъди сафар ба Тоҷикистон ба Нидерландия  сафар карда, сипас дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои  "Осиё-Аврупо", ки дар Брюссел баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 17-умин нишасти Шӯрои сарони ҳукумати СҲШ 11-12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 Мувофиқи барнома дар кори шӯро масоили рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳо дар ҳошияи СҲШ баррасӣ мешаванд.

Роҳбарони ҳайъатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин амалисозии барномаҳои бисёрҷанбаи тиҷориву иқтисодӣ, кори соҳибкории шӯро ва иттиҳодияи байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Афзун бар ин, роҳбарони Ҳукуматҳо як қатор қарорҳои марбут дар бораи ҷанбаҳои гуногуни кори ташкилот, аз ҷумла буҷаи ташкилотро барои соли 2019 тасдиқ мекунанд. Сипас шӯрои сарони Ҳукуматҳо дар ҳайъати васеъ баргузор мешавад, ки дар он кишварҳои нозир ва ҳамкорони СҲШ ширкат мекунанд.

326
Барчаспҳо:
баррасии масъалаҳо, СҲШ, ҳамкорӣ, лоиҳа, Чин, Тоҷикистон
Самолет Узбекских авиалиний

Ӯзбекистон шаҳрвандонашро аз Сурия ба Ватан меорад

6
(Таҷдидшуда 12:56 29.11.2020)
Барои баргардонидани шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Ватан, ҳайати махуси Ӯзбекистон ба Сурия сафар кардааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ӯзбекистон нақша дорад, ки як гурӯҳ шаҳрвандонашро аз Сурия ба Ватан баргардонад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Ҳайати Ӯзбекистон ба Сурия барои баррасии масъалаҳои ташкили бозгашти зану кӯдакон ва шаҳрвандони кишвар, ки дар ин давлат ба вазъияти мушкил рӯбарӯ шудаанд, сафар кардааст.

Пештар Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон аз Кумитаи байналмилалии Ҳилоли аҳмар ва ЮНИСЕФ барои кӯмаки башардӯстона дар роҳи наҷоти шаҳрвандони кишвар изҳори сипос карда буд.

Бори охир Ӯзбекистон соли 2019 шаҳрвандонашро ба Ватан баргардонида буд. Дар умум кишвар ду аксияи башардӯстона анҷом дод.

Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд

Тоҷикистон низ соли 2019 шаҳрвандон, пеш аз ҳама занону кӯдаконро аз Сурия баргардонид.

 

6
Барчаспҳо:
баргардонд, шаҳрвандон, Сурия, Ӯзбекистон
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

Садамаҳо зиёд шудааст, эҳтиёт кунед: ҳушдор ва муроҷиати КҲФ Тоҷиикистон ба ронандагон

137
(Таҷдидшуда 12:35 29.11.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки тайи рӯзҳои охир дар роҳҳои мухталифи кишвар садамаҳои нақлиётӣ хеле зиёд ба мал омадааст, ки дар бисёре мавридҳо сокинон ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, миёни қурбониёни садамаҳои марговар ронандагон, мусофирон, занону мардон, пирсолону ноболиғон низ зиёд ба назар мерасанд.

Тибқи иттилои манбаъ, аксари ин садамаҳо бар асари риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон рух медиҳанд, ки хеле нигаронкунанда аст. 

Таъкид шудааст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода борҳо дар мавридҳои гуногун ба ронандагон муроҷиат карда буд, ки риояи қоидаҳои ҳаракат гарави аслии ҳифзи  саломатии худи онҳост.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 28 ноябр то 3 декабри соли 2020 дар минтақаҳои гуногуни доманакӯҳ ва кӯҳистони кишвар боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.

Ин манбаъ гуфтааст, ки дар аксар мавридҳо борони шадид ба барфи тар табдил мешавад ва табиист, ки ин ҳолат ҳаракати мошинҳо ва одамонро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилу хатарзо мекунад. 

Дар ҳамин ҳол, бо назардошти ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ронандагӣ дар чунин ҳаво вижагиҳои хоси худро дорад.

“Ронандагон бояд махсусан дар роҳ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя кунанд. Онҳое, ки нав мошинрониро омӯхтаанд, беҳтараш аз сафар бо роҳҳои мушкилгузар худдорӣ намоянд. Роҳҳои кӯҳӣ дар ҳавои сарду боронӣ сангрезишу тарма доранд ва барои ин ронандагон бояд маҳорату малакаҳои хуби ронандагиро дошта бошанд”, - қайд кардааст КҲФ Тоҷикистон. 

KҲФ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки либоси гарм, чароғаки дастӣ, бели хурд, ресмон, сӯзишвории эҳтиётӣ, дар термос оби гарм бо худ дошта бошанд. Инчунин, дорухонаи ёрии аввалияро дар мошин нав кардан лозим аст. Бо худ якчанд симкорт ва пуркунандаи барқ ​​барои телефонҳои мобилӣ дошта бошед.

Инчунин КҲФ ҳушдор додааст, ки асвалти тоза дар ҳавои сард таҳдидҳои зиёд ба ронанда дорад. Он метавонад бо қабати номаълум ва басо нафиси як пӯшида шуда бошад. Аз ин рӯ риояи фосила миёни мошинҳо ва боло набурдани суръати ҳаракат як роҳи эминӣ аз ҳар гуна хатарҳост!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон муроҷиат кардааст, ки дар роҳ шитоб накунанд ва дар роҳ эҳтиёткор бошанд.

137
Барчаспҳо:
ҳушдор, сокинон, нақлиётӣ, роҳ, садама, КҲФ, Тоҷикистон