ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Фарҳод Мавлонов ва сардори амнияти дохилии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар Душанбе Нусратулло Носиров 4000 доллар пора гирифтаанд.
Тавре дафтари матбуотии Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гузориш медиҳад, устоди донишгоҳ ва сардори амният аз Наҷмиддин Наҷмиддинов пул гирифта, ваъда додаанд, ки писарашро ба донишгоҳи Чин дохил мекунанд.
Нисбати Мавлонов ва Носиров бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "б,в,г" КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.