Боздошти 17 ноболиғ дар телефонбозори Душанбе

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкВитрина с сотовыми телефонами. Архивное фото
Витрина с сотовыми телефонами. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини милиса 9 октябр дар бозори кӯҳнафурӯшии Душанбе, ки аксаран телефонҳои истифодашуда ба фурӯш бароварда мешаванд, санҷиши мақсаднок гузаронда, 17 ноболиғро, ки ба хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул будаанд, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.  Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон 17 нафарро, ки дар телефонбозори Душанбе ба хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул буданд, ба идораи милиса овардааст, иттилоъ додааст ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ,  бо мақсади пешгирии оворагардии наврасону ҷавонон ва даст назадани онҳо ба амалу кирдорҳои номатлуб санаи 9 октябри соли равон кормандони Хадамоти мазкур дар кӯчаи Фирдавсӣ-107, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бозори кӯҳнафурӯшӣ, ки аксаран телефонҳои истифодашуда ва дигар ашёҳо ба фурӯш бароварда мешавад, санҷиши мақсаднок доир намуданд. 

Ребенок в школьной форме. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хонандаи синфи 7 даст ба дуздии телефон зад

“Натиҷаи санҷиш муайян намуд, ки шумораи зиёди ноболиғон, хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар бозори мазкур ба оворагардӣ ва хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул мебошанд. Кормандони ВУД 17 нафар ноболиғонро, ки ба чунин кирдор машғул буданд ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ВКД дастрас намуданд”, - таъкид намуд манбаъ.

Ба гуфтаи ВУД-и Тоҷикистон волидайни ноболиғони боздоштшуда даъват гардида, аз ҷониби кормандони милитсия бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.

Ҳамчунин нисбати падару модари ноболиғон барои вайрон намудани Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар асоси моддаи 90 ва 464 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.  

Лентаи хабарҳо
0