Общественный транспорт в Душанбе, архивное фото

Роҳбандӣ дар Душанбе: кӯчаҳои марказии пойтахт ду рӯз баста мешаванд

717
Бино бар сафари раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон дар Душанбе ду рӯз роҳҳо баста мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 окт - Sputnik. Роҳҳои марказии Душанбе бо далелии баргузоршавии нишасти СҲШ дар пойтахт  ду рӯз баста мешавад.

Нисфирӯзии 11 октябр кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Исмоили Сомонӣ барои гузаштани корвони мошинҳои ҳукуматӣ масдуд мешаванд. Рӯзи 12 октябр ҳаракат  дар ҳамин кӯчаҳо пас аз нисфирӯзӣ мамнӯъ мешавад.

Кормандони ВУД ба сокинони пойтахт тавсия додаанд, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ даст кашида, аз нақлиёти ҷамъиятӣ корбаст кунанд.

11-12 октябр дар Душанбе нишасти Шӯрои сарони Ҳукуматҳои СҲШ баргузор мешавад. Ба пойтахти Тоҷикистон ҳайъати Русия, Узбакистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Покистон меҳмон мешаванд.

Нишасти СҲШ дар Тоҷикистон бо роҳбари нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода баргузор мешавад. Дар кори нишаст масоили рушди муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва ҳамкориҳои гуманитарӣ дар ҳошияи СҲШ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи сиёсатмадорон дар назар аст.

Созмони ҳамкориҳоим Шанхай - ташкилоти байналмилалиест, ки соли 2001 аз ҷониби роҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон , Тоҷикистон ва Узбакистон созмон дода шудааст.

Дар соли 2017 Ҳиндустону Покистон низ узви СҲШ шуданд.

Сарҳади умумии кишварҳои СҲШ 60 дар сади ҳудуди кишварҳои Авруосиёро ташкил медиҳад. Аҳолии СҲШ қисме аз аҳолии тамоми қишри замин аст.

Мақсади асосии фаъолияти созмон амният, мубориза бо тероризму ифротгароӣ, маводи мухаддир ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиву энергетикӣ ва фарҳангӣ гуфта мешавад.

717