Жителям Сангтуды провели трубопровод

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак саршумории аҳолӣ баргузор мегардад

122
Саршумории аҳолӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак аз 10 то 24 октябри соли равон сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Саршумории озмоишӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон рӯзи 10 октябри соли равон оғоз мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Аз 10 то 24 октябри соли равон бо мақсади татбиқи лоиҳаи барномаи саршумории аҳолӣ ва маскан дар соли 2020, дар минтақаи 64-ум ва 91-уми шаҳри Душанбе саршумории озмоишии аҳолӣ ва маскан, баргузор хоҳад шуд”, - гуфтааст манбаъ.

 Инчунин, дар ин давра барӯйхатгирии озмошӣ дар шаҳри Норак низ оғоз мегардад.

Саршумории умумии аҳолӣ ва маскан дар соли 2020 баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, ба раванди барӯйхатгирии ҷумҳуриявӣ беш аз 35 ҳазор коргар ҷалб карда шавад.   

Дар ҳоли ҳозир аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 9,1 миллион нафар расидааст.  

122
Барчаспҳо:
пойтахт, аҳолӣ, Норак, Душанбе, Саршумории аҳолӣ ва маскан 2020, Тоҷикистон