Саҳифаи Одноклассники, акс аз бойгонӣ

Ҳабси Фарҳоди 23-сола дар Душанбе барои писандидану паҳнсозиҳо дар “Одноклассники”

1289
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарҳод Муҳаммадиев, сокини 23-солаи Душанберо барои паҳну писандидани маводи марбут ба “Салафия” дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Муҳаммадиев моҳи марти соли 2017 бо истифода аз телефони мобилии тамғаи “SamsungNote” дар “Одноклассники”, бо номи мустаори “Ахы Брат Бародар” саҳифа боз намуда, ба гуруҳҳои “Суннат” ва “Аҳли Суннат ва ҷамоат” пайвастааст.

Манбаъ мегӯяд, Муҳаммадиев дар гуруҳҳои мазкур фаъолияти иттиҳодияи “Салафия”-ро ҳамарӯза тарғибу ташвиқ мекардааст.

“Бо номи мустаори “Ахы Брат Бародар” дар сомонаи “Одноклассники” зиёда аз 352 адад навиштаҷоти ташкилкунандагони иттиҳодияи экстремистии динии “Салафия” бо номҳои “Муҳаммад ибни Абдулваҳоб”, "Шайх Ибни Таймия”, "Ибни Усаймин”, "Шайх Албонӣ”, "Шайх Муҳаммад аш-Шавқонӣ”, "Абдулазиз ибни Боз”, "Солеҳ ал-Фаузан” ва “Солеҳ ал-Шайх”-ро ба шумораи зиёди истифодабарандагони ин сомона паҳн намудааст”, - иттилоъ додааст додситонӣ.

Манбаъ афзуд, ки 7 декабри соли 2017 ҳангоми азназаргузаронии суроғаи электронии Муҳаммадиев бо номи мустаори “Ахы Брат Бародар” навиштаҷоти паҳнкардаи ӯ дар ҳаҷми 40 саҳифа ёфта, гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муҳаммадиевро дар ифротгароӣ гунаҳкор дониста, ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

1289