Приветственный монумент в городе Исфара, архивное фото

CASA-1000 мушкилии барқро дар Исфара ҳал мекунад

396
Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаи таъмини минтақаҳои дурдасти ҷумҳуриро бо нерӯи барқ, дар чаҳорчубаи лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар чоҳорчубаи лоиҳаи CASA-1000 сатҳи таъмини  деҳаҳои ноҳияи Исфараро бо нерӯи барқ беҳтар кунанд, хабар медиҳад  ТоҷикТА.

Дар ин бора вазири  молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс мулоқот кардаанд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаи идомаи ҳамкориҳои миёни Вазорати молия ва Бонки ҷаҳониро дар сармоягузории лоиҳаҳо баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи   CASA-1000 унсури калидии бозори энергетикии минтақа ва пайвандсози  тавлидкунандагону истеъмолкунандагони нерӯи барқ, ки аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мегузарад, мебошад. Тахмин меравад, ки мувофиқи ин лоиҳа 70%-и нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон тавлид хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ мувофиқи лоиҳаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон 5 миллиард кВт/с нерӯи барқ равон карда мешавад.

396