Ли Кэцян, архивное фото

Нахустин сафари Сарвазири Чин ба Тоҷикистон

395
Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чин барои иштирок дар 17-умин нишасти Шӯрои сарони ҳукумати СҲШ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.   Тибқи иттилои расмӣ, Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чинро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи сафари расмӣ нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян дар кори ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои (сарвазирони) Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 12 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок менамояд.

Ёдрас мешавем, ки пештар Чжан Ханхуэй, ёвари вазири корҳои хориҷаи Чин таъкид намуд, ки ин нахустин сафари расмии Ли Кэтсян, нахуствазири Шӯрои давлатии Ҷумҳури халқии Чин ба Тоҷикистон мебошад. 

“Ин сафар барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии ҳамаҷонибаи стретегӣ аҳмияти муҳим дорад. Инчунин, дар сафари мазкур нахуствазири Чин бо мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи "Як банд-як роҳ "  ва  тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи иқтидори истеҳсолӣ миёни ду кишварро баррасӣ хоҳад кард”, - афзуд вай.

Қарор аст, Ли Кэтся бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи рушди ҳамкориҳои мутақобил дар шароити имрӯза, ҳамкориҳо дар лоиҳаи "Як банд-як роҳ " ва дар масъалаи мушкилоти муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар кунанд.

Вай таъкид намуд, ки тарафҳо чанд созишномаро дар соҳаи тиҷорат ва гумрук, инчунин дар соҳаи ҳамкории минтақавӣ ба имзо расонад.

Ли Кэтсян, баъди сафар ба Тоҷикистон ба Нидерландия  сафар карда, сипас дар ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои  "Осиё-Аврупо", ки дар Брюссел баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 17-умин нишасти Шӯрои сарони ҳукумати СҲШ 11-12 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

395
Барчаспҳо:
нахуствазир, ҷаласа, ҳамкорӣ, СҲШ, Чин, Тоҷикистон
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото

“Ҳамлаи мусаллаҳона ба говҳо”: ҳодисаи дигаре дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

13
(Таҷдидшуда 18:12 06.06.2020)
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чандин говро бо корд захмӣ карда, пойҳои чандеро ҳам батамом шикастаанд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса ду рӯз пеш - 4 июн дар мавзеьи Пули Офтобрӯяи мутааллиқи деҳаи Ворух, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтодааст.

“Ба қавли соҳибони говҳо, марзбонони қирғиз 9 сар моли калони шохдорро бо кордҳои махсуси низомӣ захмӣ кардаанд. Пойҳои чанд говро аз ду ҷой ва чанди дигарро аз 4 ҷой бо корд буридаанд, ки то расидани ба деҳа аз ин ҷароҳатҳо хуни зиёд рафтааст. Бо ин ҳам қаноат карда, ин афрод чор пои ду говро шикастаанд”, - гуфт Иқбол Тешаев.

Ин дуввумин ҳодисаест, ки тайи як ҳафтаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ меафтад.

Субҳи 2 июни соли 2020 расонаҳои Қирғизистон аз як типарронӣ дар маҳаллаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки бо деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст, иттилоъ пахш карданд.

Бино ба ин иттилоъ, шахсони номаълум як шаҳрванди Қирғизистонро аз қаламрави Тоҷикистон ҳадафи 11 тири туфанги шикорӣ қарор додаанд.

Ҷониби Тоҷикистон гуфт, ки ҳамчунин тирандозӣ сурат нагирифта, онро касе ҳам нашунидааст ва дар деҳаҳои марзии Тоҷикистон дар қиёс бо Қирғизистон ҳеҷ кас ҳеҷ гуна силоҳ надорад. 24 май боз дар мавзеьи Пули Офтобрӯяи деҳаи Ворух дар пайи тирандозӣ миёни марзбонони ду кишвар сарбози 19 - солаи тоҷик Давлатёр Зоиров захмӣ шуд.

Пас аз он 28 май Шукрона Шарофоваи, зани 25 – сола, сокини ҷамоати Чоркуҳи Исфара аз тири туфанги шикории Соат Бахтибеков, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи Бодканд захмӣ гардид.

Сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ин ҳамаро тавтиаҳои мақомоти Қирғизистон унвон мекунад.

“Онҳо ба ҳар васила мехоҳанд, ки як ҷанҷолеро ба вуҷуд оварда, пойи ду кишварро ба ихтилоф кашонанд ва аз ин ҳисоб замин ғасб намоянд. Ҳатто ба ҳайвоноти хонагӣ ҳам раҳм надоранд. Мо ҳадс мезанем, ки пушти ин ҳама чӣ гап асту кист”, - гуфт Иқбол Тешаев.

Ихтилофҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80 – и асри гузашта идома дорад. Ду кишвар дар ҳоли ҳозир комиссияеро барои таъйин ва аломатгузории марзҳо эъзом кардаанд.

13
Шквалистый ветер на территории Таджикистана

Боди харобкор чанд деҳоти Хатлонро бебарқ гузошт

127
(Таҷдидшуда 15:50 06.06.2020)
Деҳаҳои Бадахшон ва Деҳқонободи вилояти Хатлон бар асари вазиши боди шадид, аз дирӯз ба ин сӯ бебарқ монданд

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон аз хисороти боби шадид, ки бегоҳи дирӯз вазида буд, хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 5-уми июн тахминан соати 18:00 дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар ҷамоати Ҷиликӯл, деҳаи Бадахшон 3 адад симчӯби барқии 220 клв чаппа шуд ва сокинонро аз қувваи барқ маҳрум намуд.

Ҳамчунин сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Москва низ бебарқ монданд. Боди шадид 12 симчӯби ҳаҷмаш хурдтар, ки барои чароғакҳои роҳи оҳан қувваи барқ медод, чаппа намуд.

Манбаъ меафзояд, айни замон дар ин ҷамоатҳо аз тарафи хадамоти энергетикии ноҳия ва вилоят корҳои барқароркунӣ идома дорад ва қарор аст дар наздиктарин фурсад ҳолати ба амаломада пурра бартараф ва интиқоли қувваи барқ аз сар гирифта шавад.

127
Барчаспҳо:
барқ, бод, Хатлон