Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар Душанбе

© Пресс-служба Министерства иностранных дел Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон Муртазо Сармадӣ
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон Муртазо Сармадӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муртазо Сармадӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, 11 октябри соли равон дар ҳошияи 17-умин иҷлоси Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Эрон Муртазо Сармадӣ баргузор гардид.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳурии Эрон мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи Истиқлолият табрик кард

Вазорати корҳои хориҷа таъкид намудааст, ки зимни мулоқот ҳамзамон тарафҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст, ки Муртазо Сармадӣ, дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба пайвандҳои амиқи ду миллат ва ёдоварии сиёсати усулии Эрон, ки ҳамвора ҳимоят аз пешрафт ва тавсеаи Тоҷикистон будааст, бар зарурати гушӯда шудани фасли ҷадиде аз ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар таъкид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, низ зимни ишора ба сафарҳои созандаи як соли ахири мақомоти эронӣ, ба вижа ҷаноби Муҳаммад Ҷавод Зариф, бар омодагии кишвараш дар боло бурдани сатҳи муносибот ва тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар таъкид намуд.

Лентаи хабарҳо
0