Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото

Ёдгор Файзов: вазъ дар Бадахшон ором аст

2094
Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон вазъро дар Бадахшон ором хонда, аз баргузории ҷаласаи мақомоти Бадахшон эълон кард

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дар ВМКБ имрӯз бо иштироки раҳбарият ва фаъолони ҷомеа, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва амният ҷаласа доир мегардад, ки дар он аз кори мақомоти маҳаллии вилоят дар як моҳи охир натиҷагирӣ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории tajikistantimes.com.

Бино бар иттилои манбаъ, Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон даряк сӯҳбат гуфтааст, ки қарор шуд рӯзи 16-уми октябр дар Хоруғ ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумати вилоят баргузор шавад. 

Ба гуфтаи вай, мақсад аз баргузории ҷаласа, ин натиҷагирии кори мақомоти маҳаллии вилоят дар як моҳи охир будааст.

Ёдгор Файзов  дар посух ба ин савол, ки оё бар зидди “гурӯҳҳои ҷиноятӣ” ё “ашхоси алоҳида” амалиёти махсусе анҷом мешавад ё не, гуфтааст, ки “агар оромӣ намешуд, фардо ҷаласаи фаъолони вилоятро баргузор намекардем. Оромӣ аст”.

2094
Барчаспҳо:
оромӣ, вазъият, Бадахшон, ВМКБ, Тоҷикистон