Манораи дастгоҳҳои алоқаи мобилӣ, акс аз бойгонӣ

Дуздии ноқилҳои алоқа аз ширкати тобеи Бег Сабур дар Кӯлоб

259
Амволи ширкати “Тоҷиктелеком”, ки дар тобеияти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Бег Сабур қарор дорад, дуздида шудаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар шаҳри Кӯлоб роҳбарияти ҶСК “Тоҷиктелеком” муроҷиат карда, арз доштааст, ки охирҳои моҳи майи соли 2018, тахминан соати 01:30,  шахси номаълум аз маҳаллаи Борбади шаҳри мазкур 70 метр ноқилҳои тамғаи “ТПП-300х2”-ро дуздидааст.

Манбаъ арзиши умумии ноқилҳои дуздидашударо 13 ҳазору 816 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД рӯзи 18 октябр иттилоъ дод, ки муттаҳамон дар ин ҷиноятро боздошт кардааст.

“Аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-сола, сокини маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд”, - изҳор дошт ВУД.

Манбаъ афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

259