Душанбинкий международный этно-джазовый фестиваль

Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе оғоз шуд

128
(Таҷдидшуда 13:49 18.10.2018)
Аз 18 то 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.  Барои иштирок дар рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе ҳайати ин шаҳр таҳти сарварии раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли Санкт-Петербург Дмитрий Чернейко рӯзи 17 октябр ба Душанбе ташриф овард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Биноӣ бар иттилои манбаъ,  ҳамчунин дар ҳайати намояндагии шаҳри Санкт-петербург, омӯзгорони рус, табибони варзида ва ҳунармнадони гурӯҳҳои эҷодии шаҳр низ ҳузур доранд.

Дар доираи ин сафар ҳайати шаҳри Санкт-Петербург бо муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дидору гуфтушунид мекунад.

 Баргузории мулоқоти ин ҳайат имрӯз, 18 октябр дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар  доираи рӯзҳои мазкур  дар  пойтахт   баргузории як зумра чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

 Аз ҷумла, машварати табибони Санкт-Петербург барои аҳолии шаҳри Душанбе, табодули таҷриба дар соҳаи тандурустӣ, дарсҳои ихтисосӣ (мастер-класс) вобаста ба вокал ва навохтани асбобҳои мусиқӣ барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, маърӯза-семинарҳо барои омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Имрӯз, 18 октябр дар майдони “800-солагии Москва” назди Театри опера ва балети ба номи Садридин Айнӣ бо иштироки овозхонони операи Театри Мариинск Наталя Павлова ва Андрей Серов консерти бошукӯҳ баргузор мешавад.

128
Доллары США, архивное фото

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

8
(Таҷдидшуда 14:31 06.08.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2021 аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 тасдиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 бо назардошти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар заминаи пандемияи коронавирус таҳия хоҳад шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Вазорат қайд кард, ки намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дар асоси натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 муайян карда мешавад.

Ғайр аз ин, соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои дурнамо барои солҳои 2022-2023 таҳия карда мешаванд.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои пешгӯии Вазорати молия, моддаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 бояд 29,7% ва 29% ММД-ро ташкил диҳанд.

Бонкдори №1: аз ҷалби миллиардҳо доллар амонатҳои шабонарӯзӣ то афзоиши ММД ва таваррум

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст

Ҳамзамон, дар робита ба пандемия аз коронавирус, буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ихтисор карда шуд.

8
Кинопленка, архивное фото

Филми коргардони тоҷик дар ҷашнвораи Англия намоиш дода мешавад

10
(Таҷдидшуда 14:30 06.08.2020)
Барои аввалин бор филми яке аз коргардонҳои тоҷик Комил Каримов дар ҷашнвораи филми Англия намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Филми кӯтоҳи "Шахсият", ки моли коргардони тоҷик Комил Каримов мебоша, ба марҳалаи ниҳоии ҷашнвораи филми Англия роҳ ёфт, хабар медиҳад Авеста.

Ромфурди Англия мизбони дуввумин ҷашнвораи филми Авросиё дар соли 2020 аст.

Кумитаи баргузоркунандаи ҷашнвораи филм умедвор аст, ки дар оянда ширкаткунандагони бештаре аз Тоҷикистонро бо корҳои фохир дар ин ҷашнвора бибинанд.

Филми "Дӯғоб"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи Бишкек намоиш дода мешавад

Дар ин ҷашнвора 60 филм ба забони англисӣ дар бахшҳои филмҳои баланд, кӯтоҳ ва мусиқии филм ширкат карданд.

Илова бар ширкат кунандагони тоҷикистонӣ , намояндагони кишварҳои Қазоқистон , Италия, Финландия , Иёлоти Муттаҳида  , Белорус , Суид , Олмон, Эрон, Украина, Арманистон, Русия ва Ӯзбекистон ҳам осори худро ба ин ҷашнвора ирсол карданд.

Маросими эҳдои ҷавоиз низ 18 август дар шаҳри Ромфурд баргузор мешавад.

10
Барчаспҳо:
тоҷик, коргардон, филм, Англия