Насилие, архивное фото

Сиву чор соли зиндон барои таҷовузи духтараки 12-солаи маъюб ба ду сокини Хуҷанд

1814
Тоҷибоев Даврон аз сустақлӣ ва маъюбии ин духтарак истифода намуда, ӯро бо роҳи фиреб ба ҷойи хилват бурда, бо истифода аз зуроварӣ таҷовуз кардааст ва сипас дӯсти худ Шариповро барои ҳамхобагӣ бо ин духтар даъват кардааст. Иброҳим Шарипов низ даъвати рафиқашро пазируфта духтараки ноболиғро таҷовуз мекунад

ДУШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Додгоҳи вилоятии Суғд ду сокини шаҳрро барои таҷовузи духтараки ноболиғ ва маъюб ба мӯҳлати 34 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Тоҷикистон таймс" хабар медиҳад.

Тоҷибоев Давронҷони 27-сола ба 16 сол  ва  Шарипов Иброҳимҷони 24-сола ба 18 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ёдрас мешавем, ҳодисаи пурсарусадои таҷовузи духтараки 12-солаи маъюб  дар шаҳри Хуҷанд рух дода буд.

Ду ҷавоне, ки пештар барои таҷовуз зиндон шуда будаанд, духтари ноболиғ, маъюб ва навраси 12-соларо  таҷовуз кардаанд.

Ҷавонон аз маюбӣ ва сустақлии духтари ноболиғ истифода бурда, даст ба номуси ӯ заданд. Ҳодиса аввалҳои  моҳи июл дар яке аз бинои истиқоматии кучаи Гагарини шаҳри Хуҷанд рух додааст.

Як зан ба мақомоти милиса аз гум шудани духтари маъюби ноболиғаш хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ духтари 12-солааш, маъюби гуруҳи 2, рӯзи 13-уми июл нопадид шудааст.

Дар асоси ин муроҷиат кормандони пулис дар амлиёти фаврӣ ду сокини ҷавони шаҳри Хуҷанд- Тоҷибоев Даврони 27-сола, ва Шарипов Иброҳими 24-сола, ки қаблан бо ҷинояти таҷовуз зиндонӣ шуда буданд, дастгир кардаанд.

Тоҷибоев Даврон аз сустақлӣ ва маъюбии ин духтарак истифода намуда, ӯро бо роҳи фиреб ба ҷойи хилват бурда, бо истифода аз зуроварӣ таҷовуз кардааст ва сипас дидаву дониста, ки духтарак дар баробари ноболиғ будан, маъюбу сустақл аст, дӯсташ Шариповро, барои ҳамхобагӣ бо ин духтар даъват кардааст. Иброҳим Шарипов низ даъвати рафиқашро пазируфта, духтараки ноболиғро таҷовуз мекунад.

Ин ду ҷавон саломатии ҷисмонӣ ва равонии духтари ноболиғро зери хатари бузург гузоштаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса бо моддаи 138-уми КҶ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

1814