Ёдгор Файзов, акс аз бойгонӣ

Насиҳати Ёдгор Файзов ҳангоми гусели ихтиёриёни Хоруғ ба артиш

1125
Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи раиси ВМКБ имрӯз 27 даъватшавандаро аз шаҳри Хоруғ зери навои доиразании анъанавии бадахшӣ ба сафи артиш гусел кард

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, ки хабаргузории “Ховар” нашр намудааст,  Ёдгор Файзов зимни гусели наваскарон изҳор доштааст, ки артиши Тоҷикистон, марҳилаҳои мушкилро паси сар карда, имрӯз ба иқтидори бузургу боэътимод табдил ёфтааст.

“Бешубҳа, ҳар нафаре, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ мегузарад, метавонад дар бунёди давлати миллӣ ва баланд гардидани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ собитқадамона саҳми босазо гузорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард буда, мактаби обутоб ва мардонагӣ барои ҷавонон маҳсуб меёбад. Ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастани ҷавонони  бонангу ори вилоят шаҳодати он аст, ки онҳо чун шаҳрванди содиқи ин давлати  соҳибистиқлол дар ҳифзи марзу буми кишварашон саҳми босазо хоҳанд гузошт.  Бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзу нигоҳдории оромию осудагии мардуми ин сарзамин қарзи фарзандии онҳост”, - изҳор доштааст раиси ВМКБ.

Ёдгор Файзов изҳори боварӣ намудааст, ки  ҷавонони шаҳри Хоруғ дар баробари дигар ҳамсолони худ дӯш ба дӯш истода, бо ҷасорату далерӣ ва инсондӯстию ватандӯстии худ барои тамоми ҷавонони кишвар намунаи ибрат мешаванд.

Гуфта мешавад, ки соли равон дар қатори ҷавонони дигари Хоруғ наздикони ба истиллоҳ роҳбарони ғайрирасмии ин шаҳр, аз ҷумла писару бародарзодаи Толиб Айёмбеков довталабона ба артиш рафтаанд.

Гусели ихтиёриён аз Хоруғ ва таваҷҷуҳи мақомоти ВМКБ ба иҷрои нақшаи даъват дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳозиршавии ҷавонони Хоруғ ба хидмати ҳарбӣ интиқод кард.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур нақшаи даъват дар шаҳр асосан аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ аз навоҳии дигар таъмин мешавад.

Ӯ мақомоти масъул, аз шаҳрдорӣ, то маорифу мудофиа ва варзишу ҷавононро муваззаф кард, ки барои тарбияи ватандӯстии ҷавонони шаҳри Хоруғ чораандешӣ кунанд.

1125
Мужчина в защитной маске

Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва шифо ёфтани 1575 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон

62
(Таҷдидшуда 18:16 27.05.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳури аз маризии коронавирус ягон бемор нафавтид

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. То соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта ягон мавриди фавт аз ин беморӣ сабт нагардидааст. Теъдоди қурбониён дар Тоҷикистон ҳамоно 47 нафар арзёбӣ мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, то 27 майи соли равон дар мамлакат 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат аз шумораи дигари қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки  имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

62
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед

52
(Таҷдидшуда 18:01 27.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки дар мамлакат рӯзҳои гарм фаро мерасанд. Дамои ҳаво дар тобистони имсол метавонад ҳатто болоатр аз 42 дараҷа бошад

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бино ба итттилои сомонаи расмии Кумита, болоравии ҳарорати ҳаво сабабгори он шуда метавонад, ки барфи баланкӯҳҳо об шаванд, пиряхҳо низ об шаванд ва ин ҳама сабабгори резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо шавад.

Эмомали Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо низ дақиқан ба вазъи атроф нигаранд ва аз эҳтиёт кор гиранд. 

Ҳамчунин, Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш намудааст, давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар дамои ҳаво поин рафт, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта агар ин бехатар бошад;

Кумита ба сокинон ҳамчунин тавсия додааст, ки  ҳавои хонаро муътадил нигоҳ доранд,  аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунанд, либосҳои тунуку сабук пӯшанд, дар сар кулоҳ дошта бошанд, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор мераванд ё ҷойи дигар.

“Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро меваҳо манбаъҳои аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин боиси поин рафтани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшкиҳои спиртӣ худдорӣ намоед”,-гуфтааст кумита.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об, оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

 

52