Таҷлили Рӯзи Ғалаба бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Қарори Рустам Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Президент

224
Рустам Эмомалӣ , шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки Рӯзи Президетнт ва Рӯзи Конститутсия дар пойтахт ба таври густурда таҷлил гарданд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Рӯзи Президент дар Тоҷикистон 16 ноябр ва Рӯзи Конститутсия 6 ноябр таҷлил мегардад.

Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои ҳокимияти шаҳри Душанберо барои таҷлил аз ин ду рӯз тасдиқ кардааст, ки барномаҳои фарҳангӣ маърифатиро фаро мегирад.

Шаҳрдори Душанбе муовинони худ ва роҳбарони навоҳии пойтахтро муваззаф кардааст, ки чорабиниҳои идонаро татбиқ намуда, тариқи ВАО инъикос кунанд.

224