Улица в городе Душанбе, архивное фото

Баъди сардиҳо: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 24 дараҷа гарм мешавад

128
(Таҷдидшуда 09:51 20.10.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст., хабар медиҳад Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6, рӯзона +9+14 ва дар шарқи ин вилоят шабона -6-11 ва рӯзона -0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона аз 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона +4+9 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона 1+6 ва рӯзона ба +18+23 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бе бориш дар назар буда, ҳаво шабона +2+4 ва рӯзона +19+21 дараҷа гарм мешавад.

128

Довари бозии "Куктош" ва "Хатлон" муҷозот карда шуд

21
(Таҷдидшуда 18:22 15.08.2020)
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирози дастаи "Хатлон"- ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бо қарори Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари асосии бозии даври 11-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои "Куктош" ва "Хатлон" (2:1) Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварӣ дар ду даври бозиҳои Лигаи олӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Кумитаи доварони ФФТ эътирози дастаи "Хатлон"-ро вобаста ба ду ҳолат аз назар гузаронд.

Пас аз таҳлили наворҳои бозӣ Кумитаи доварон ба хулосае омад, ки Беҳрӯз Муртазоев ҷониби дарвозаи "Хатлон" пеналтиро дуруст таъин кардааст.

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Аммо дар ҳолати дигар Муртазоев иштибоҳан корти сурх ба дарвозабони "Куктош" Қурбоналӣ Бобоев нишон надод, ки номбурда қасдан бозигари рақибро бо пой зад.

Бинобар ин, Кумитаи доварони ФФТ барои вайрон кардани Кодекси интизомии доварон қарор баровард, ки Беҳрӯз Муртазоев аз ҳаққи доварии ду даври мусобиқаҳои зери васояти Лигаи футболи Тоҷикистон доир мешуда, маҳрум карда шавад.

21
Барчаспҳо:
муҷозот, довар, Тоҷикистон, футбол
Сотрудник дилерского центра ПАО Камаз в Ташкенте

Марги фоҷиавии сокини Деваштич: дамкарат лағжиду мошин ҷисмашро ду пора кард

277
(Таҷдидшуда 18:19 15.08.2020)
Сокини ноҳияи Деваштич, ки ҳамагӣ 35 - сол дошт, бар асари лағжидани дамкарат, зери мошини тамғаи КАМАЗ монда, ҷон бохтааст

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Парвиз Рӯзиев сокини 35 - солаи ноҳияи Деваштич ба таври фоҷиабор ҷон бохтааст, хабар медиҳад нашрияи Пайк.

Ба иттилои манбаъ, марҳум санаи 12 - уми август ба таъмири автомашинаи тамғаи КАМАЗ машғул буд. Ӯ мошинашро тавассути дамкарат бардошта ба таъмир машғул буд, ки тасодуфан дамкарат лағжида ӯ зери мошин дармонд.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Манбаъ аз рӯи нақли шоҳидони ин ҳодиса хабар медиҳад, ки қисмати аз миён болои ҷавон зери бори гарони мошин монда, ба қавле ҷисмаш ду пора шуд.

"Парвиз сокини деҳаи Хишекат, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич буд", - таъкид мешавад дар хабар.

Пас аз ин ҳодисаи нохуш, чор фарзанди ӯ ятим монданд.

277