Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Интиқоди Прокурори генералӣ аз бетафовутии мақомоти давлатӣ ба мушкилоти шаҳрвандон(ВИДЕО)

3150
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти давлатиро дар бетафовутӣ нисбати муроҷиату мушкилоти сокинони ВМКБ айбдор хонда, инчунин сатҳи пасти дониши хонандагон дар вилоятро мояи нигаронӣ донист

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Юсуф Раҳмон дар мулоқот бо фаъолону масъулини ВМКБ изҳор дошт, ки бетафовутии мақомоти давлатӣ ба муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ боис шудааст, ки нафарони корафтода масъалаҳои худро дар мувофиқа бо гуруҳҳои ҷиноӣ ҳал мекунанд.

“Аз фурсат истифода бурда, таъкид мекунам, ки дигар ягон кас бахшида намешавад, новобаста аз вазъи ишғолнамудааш. Ҷинояткор бе ҷазо намемонад ва ҷои ҷинояткор муассисаҳои ислоҳӣ мебошад”, - афзуд додситони кулли Тоҷикистон.

Ӯ инчунин қарорҳои раисони ҳукуматҳои маҳаллиро ҳангоми тақсими замин мояи нигаронӣ хонд.

Дар баробари ин Юсуф Раҳмон аз саривақт барнагардондани қарзҳои бонкӣ зикр кард, ки тибқи омори ироакардааш маблағҳои нисбатан калонро худи роҳбарону масъулини бонкҳои давлатию тиҷоратӣ ва мансабдорон гирифтаанд.  Ӯ ҳаҷми умумии қарзҳоеро, ки то ҳол ба бонкҳо баргардонда нашудаанд, 71  миллион сомонӣ арзёбӣ кард, ки ҳудуди 48 миллиони он ба “Тоҷиксодиротбонк” рост меояд.

Навори суҳбати Прокурори генералии Тоҷикистон:

Дар мавриди маблағҳои мардум, ки дар бонкҳо дармондаанду шаҳрвандон наметавонанд бозпас гиранд ва мояи нигаронии гуруҳе аз аҳолӣ шудааст, додситони кулли Тоҷикистон чизе нагуфт.

Юсуф Раҳмон инчунин аз пардохти ғайриқаноатбахши ҳаққи барқ дар ВМКБ суҳбат кард, ки ба гуфтаи ӯ то 1 сентябр беш аз 5,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи аҳолӣ дар ВМКБ, ки нисбати сокинони дигари ҷумҳурӣ нархи баландтарро барои нерӯи барқ пардохт мекунанд,  муодили 2,2 миллион сомонӣ, қарзи муассисаҳои буҷетӣ - 1,4 миллион сомонӣ ва корхонаҳои тиҷоратӣ ба 2,7 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Додситони кул инчунин аз нақзи меъёри қонунҳо дар бораи маориф ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд суҳбат карда, изҳор дошт, ки дониши талабаҳо дар макотиби ВМКБ дар сатҳи паст қарор дорад, бе тайёрӣ ба дарс ҳозир мешаванду меъёрҳои либосро риоя намекунанд.

“Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дониши хонандагон дар сатҳи паст қарор дорад. Хонандагон ба суолҳои оддӣ ҷавоб дода наметавонанд. Аз ҷумла пахта, кодекс ва қонунро муқаддасоти миллӣ номидаанд. Ба суолҳо чунин посух додаанд. Аксарияти онҳо суруди миллиро намедонанд”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон.

Дар охир додситони кулли Тоҷикистон аз тамоми мақомоти давлатӣ ва фаъолони ВМКБ даъват намуд, ки дар мубориза қонуншиканиҳо фаъол бошанду саҳми худро гузоранд.

3150