Писаре бо парчами Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳур сутунпояи дигари Парчами давлатиро ба истифода дод

123
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, сутунпояи Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сутунпояи Парчами давлатӣ дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд гардида, баландиаш 50 метр мебошад.

“Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарози дорад. Майдони “Парчами давлатӣ” дар 15 садяк бунёд гардида, ҳудуди он гулзор карда шудааст. Ҳамзамон дар ин ҷо 3 фаввораи даврашакл бунёд ва чароғҳои равшандиҳанда насб карда шудааст”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, маркази саломатии ҷамоати деҳоти “Меҳробод”, коргоҳи дузандагию қолинбофӣ, кӯдакистони хусусии “Нурафшон”-ро ба истифода дод.

123