Пистолет, архивное фото

Латукӯб ва захмӣ намудани як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург

143
(Таҷдидшуда 12:51 22.10.2018)
Се шахси номаълум шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург қонуни кору зиндагӣ мекардааст, латукӯб намуда, баъд аз он бо силоҳи травматикӣ ба қафаси синааш паррондаанд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистонро дар минтақаи Клининскии шаҳри Санкт-Петеребург бо силоҳи травматикӣ захмӣ карданд, иттилоъ додааст Ожонсии иттилоотии “Опративное прикрытие”.

Бино бар иттилои манбаъ, шаби 22 октябри соли равон ба беморхонаи №3-и шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди 24 солаи Тоҷикистон муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум ба қафаси синаи ӯ бо силоҳ тир паронданд. Табибон ӯро зуд ба ҷароҳатхона бурданд.

Пас аз баҳуш омаданаш муҳоҷири меҳнатии 24 солаи тоҷик гуфтаст, ки дар назди истгоҳи метрои “Площадь Мужества” се шаси номаълум аввал сигор пурсидан, сипас ба ӯ ногоҳ ҳамла намуда лутукӯб карданд. Баъд яке аз онҳо силоҳи травматикӣ бароварда, ба қафаси синаи муҳоҷир тирандозӣ кардаааст.

Ба гуфтаи манбаъ, муҳоҷири меҳнатӣ дар қаламрави Русия расман кору зинджагӣ мекардааст.

Дар ҳоли ҳозир, пулиси шаҳри Санкт-Петербург ин се нафарро ҷустуҷӯ дорад ва нисбати ин ҳодиса чораҳои зарурӣ меандешад.

143
Барчаспҳо:
бистарӣ, бемористон, силоҳ, латукӯб, Русия, муҳоҷир, Тоҷикистон