Озеро Искандеркуль и змеиное озеро, архивное фото

Абрноку тағйирёбанда: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

117
(Таҷдидшуда 09:37 23.10.2018)
Имрӯз дар Тоҷикистон обу ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, ҳаво шабона +2+4  ва рӯзона +23+25  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона 6+11 ва рӯзона +20+25 дараҷа гарм  мешавад.

Инчунин обу ҳавои тағйирёбанда дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ ба назар мерасад. Дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16  ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  ҳаво дар водиҳо шабона 5+10   ва рӯзона 17+22   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок  дар назар буда,  ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +23+28   дараҷа гарм хоҳад шуд.

117
Барчаспҳо:
душанбе, обу ҳаво, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон