Батарея в подъезде жилого дома. Архивное фото

“Барқи тоҷик”: гармидиҳӣ ба биноҳои пойтахт зина ба зина таъмин мегардад

264
Аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2018 интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.   Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик”, алҳол 816 бинову иншоотҳои ноҳияи Сино ва Исмоили Сомонӣ, ба интиқоли гармӣ таъмин шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ ба дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома доранд.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки имсол аз рӯи нақшаи техникӣ бояд 1800 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.

“Барқи тоҷик” таъкид намудааст, ки барои кори пурсамари Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе соли ҷорӣ аз конҳои маҳаллӣ зиёда аз 746 000 тонна ангишт кашонда, захира карда шудааст. Кашондану захира намудани ангишт идома дорад.

Маркази барқу гармидиҳии якуми шаҳри Душанбе бошад, бо далели гарм шудани муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон, имсол бо истифода аз газ кор карда истодааст.

Дар баробари ин, нерӯгоҳҳои барқу гармии пойтахт ҳар шабонарӯз зиёда аз 8,5 миллион киловатт нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Баъди пурра истифода бурдани Марказҳои барқу гармидиҳӣ миқдори истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ низ меафзояд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Барқи тоҷик” таъкид намудааст, ки дар низоми энергетикӣ охирин корҳои таъмирӣ-профилактикии дастгоҳҳои азим идома доранд.

“Вобаста ба ин дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли барқ зина ба зина қатъ мегардад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад”, гуфтааст манбаъ.

264
Барчаспҳо:
гармидиҳӣ, гармӣ, душанбе, Барқи тоҷик, "Барқи Тоҷик", Тоҷикистон