Река Варзоб в Таджикистане, архивное фото

Шерзодҷони 8-сола ба сойи деҳа афтода, ҳалок шуд

267
Шерзодҷон Мусоев хонандаи синфи 2-и мактаби рақами 49-и деҳаи Далён ба рӯд афтода, ҳалок шудааст. Ҷасади Шерзодро шаби рӯх додани ҳодиса пайдо карданд. Марҳумро рӯзи 21-октябр ба хок супориданд

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар ҷамоати деҳоти Далёни боло, деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) як ноболиғ ба сойи деҳа афтида ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, ҳодисаи мазкур шоми 20-октябр рӯх додааст. Дар пайи ин ҳодисаи нохуш ноболиғ Муссоев Шерзод, хонандаи синфи 2-и МТМУ №49-и деҳаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади Шерзодро шаби рӯх додани ҳодиса пайдо карданд. Марҳумро рӯзи 21-октябр ба хок супориданд.

Давоми як ҳафтаи моҳи октябр ин дуюмин ҳодисаи ба ҳалокат расидани ноболиғ дар пайи афтидан ба об арзёбӣ мешавад. 14-октябр ҳангоми афтидан ба ҳавзи ҳавлии истиқоматӣ ноболиғ Сатторқулов Фарид низ дар ҷамоати Ғазантарак, деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расида буд.

Раёсати Вазорати умури дохила дар ноҳия аз сокинон хоҳиш мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

267