Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото

БДА арзиши рақамҳои зебои силсилаи "JJ"-01 ва "DD"-07- ро эълом кард

3003
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "JJ"-01 ва "DD"-07 хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 3 ноябр дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

"Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 3 ноябри соли 2018 аломати сабти давлатии силсилаи "JJ"-01 ва "DD"-07 ба таври музояда фурӯхта мешаванд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

БДА пештар аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ВВ" — 07 ва "ЕМ" — 01 —ро ба фурӯш гузошта буд.

3003