Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото

Муроҷиатнома ба сокинони ВМКБ: ҳидояти Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV-ро фаромӯш накунед

749
Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе дар муроҷиатномае ба сокинони ВМКБ гуфтааст, "маҳз эътимоду эътиқод ба раисҷумҳури Тоҷикистон ва Имоми Вақт имкон дод, ки дар муддати 27 сол Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз он рӯзҳои шум ва фоҷиабори солҳои 90-ум оҳиста-оҳиста барорем ва ба ин рӯзҳои нек расонем"

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии  исмоилӣ ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе дар муроҷиатномаи расмие ба сокинони ВМКБ гуфтааст, ки "ҳидояти Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV-ро фаромӯш накунед".

Нусхаи муроҷиатнома дар вебгоҳи Кумитаи дин мунташир шудааст.

Тавре дар он таъкид мегардад, мардуми исмоилимазҳаби Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба воситаи эътиқоду эътимод ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба имоми исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV зодгоҳи худро аз рӯзҳои шум бароварданд.

"Эътиқоду эътимоди ин ду шахсияти бузурги таърихӣ ба мо, мардуми тоҷики исмоилмазҳаб, имкон дод, ки дар муддати 27 соли соҳибистиқлолӣ зодгоҳи худ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз он рӯзҳои шум ва фоҷиабори солҳои 90-ум оҳиста-оҳиста барорем ва ба ин рӯзҳои нек расонем", - меафзояд кумита.

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии  исмоилӣ ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе хотиррасон мешавад,  ки "бояд ҳидоятҳои Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV-ро ҳар як исмоилии баору номус дар ҳар иқдоми созандааш дар хотир дошта бошад".

"Аз ҷумла, ҳидояти таърихии Волоҳазрат барои муридонаш дар хусуси он, ки  "шумо дар ҳар ҳудуде, ки зиндагӣ доред, аз қонуну қоидаҳои он кишвар қотеона риоя ва пуштибонӣ намоед” бояд дар андеша, қалб ва амали ҳаррӯзаи ҳар як фарзанди руҳонӣ бошад", - таъкид мегардад дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин дар он аз сокинони вилоят хоҳиш карда мешавад, ки "баҳри амалӣ гардидани барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, таъмини сулҳу субот ва некӯаҳволии мардум, талаботи қонунии Ҳукумати вилоят барои халъи силоҳ аз дасти афроди алоҳида ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ, ки омили асосии нооромии ҷомеа мебошанд, ҳамкорӣ ва мусоидат намоянд".

Кумита ёдрас мешавад, ки солгарди навбатии истиқлолият дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад ва сокинони шаҳр бояд  "ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки Бадахшон макони оромию осоиштагӣ, минтақаи суботи Тоҷикистон, ҷойи зиндагии мардуми дар ҳақиқат фарҳангӣ, баору номус ва дорои сатҳи баланди маданияти шаҳрвандӣ мебошад".

"Бори дигар аз тамоми маскунони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳиш мекунем, то бо арҷгузорӣ аз арзишҳои инсонӣ, бо эҳтиром ба таърихи пурифтихори хеш  ва хосса, бо иҷрои Паёмҳои Пешвои Миллат ва пайравии Ҳидоятҳои Имоми Вақт осӯдагӣ, сулҳ, оромӣ ва волоияти қонунро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин намоянд", - менависад дар анҷом Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии  исмоилӣ ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе.

Матни пурраи муроҷиатномаро метавонед аз сомонаи Кумитаи дин хонед.

749