Автобусҳои нав аз Русия ба Хуҷанд ворид шуданд

Аз барф гурехта зери борон ё мушкилоти автобус дар Хуҷанд кай ҳал мешавад?

142
Инак чанд вақт мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти автобусҳо ба роҳ монда шуда, он ба маблағи ҳангуфт вориди шаҳр гардид то ба равуои сокинону меҳмонон қулаю мусоид хизмат расонад, аммо...

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Чанде дар Хуҷанд автобусҳои наву тоза ба кор шурӯъ карданд. Сокинон интизор буданд, ки ҷойи микроавтобусҳои тангро автобусҳои барҳаво мегираду рафтуомади онҳо роҳаттар мешавад, аммо имрӯзҳо мардум аз хизматрасонии автобус дар шаҳр изҳори нигаронӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд, ба шаҳр дар навбати аввал 25 адад ва дар навбати дуввум низ 25 адади дигар автобус ҷамъ 50 адад ворид гардид. Аммо 50 адад автобус равуои сокинонро осон накарда, балки ба гашту гузори онҳо монеа пеш овардааст.

 Ба нақли сокинон, ҳоло нақшаи хизматрасонии автобусҳо вайрон буда, бар замми ин дар сари қадам одамчинӣ мекунанд.

"Барои ҳамагӣ се истгоҳ 18 маротиба истодан аз рӯи қоида нест, чаро тартибот назорат намешавад? Бовар мекунед, се истгоҳро давоми зиёда аз  ним соат убур кардем, пиёда давоми даҳ дақиқа он масофаро одам тай мекунад. Назорат кунанд автобус бояд дар истгоҳ одамро гирад, на сари қадам. Ҳам қоидаи ҳаракат дар роҳ вайрон ва ҳам ба кор дар вақташ намерасӣ", - шикоят мекунад сокини Хуҷанд.

Дар гурӯҳи фейсбукии "Хуҷанд ман туро дӯст медорам" сокинони Хуҷанд аз хизматрасонии автобусҳо шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, як хатсайр дар ним-як соат як маротиба мерасад.

Дар баробари ин ҳастанд нафароне, ки аз хизматрасонии автобусҳо қаноатманданд. Онҳо бар ин назаранд, ки дар шаҳрҳои бузурги кишварҳои пешрафта, автобус мусофиркашонӣ мекунад. 

Сокинон изҳори умедворӣ мекунанд, ки ин мушкилӣ дар шаҳр муваққатӣ буда, роҳи ҳалли он ба зуддӣ пайдо мешавад.

142