Саймумин Ятимов, раиси КДАМ, акс аз бойгонӣ

Занги Президент, кафолат ва шеърхонии Ятимов: оташ назанад ҳеч касе хонаи худро

3040
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар бораи занги телефонии Президент, кафолати нагузарондани амалиёт, маърифатпарварии мардуми ВМКБ, ки аз ҷониби СММ намуна эътироф шуд, вазъи Хоруғ қабл аз сафари раисиҷумҳур, ҳамдигарфаҳмӣ бо роҳбарони гуруҳҳо дар вилоят ва замони баровардани қувваю дидбонгоҳҳо суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ятимов дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони ВМКБ аз суҳбати телефонияш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи Ятимов, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ироаи паём ва салом ба мардуми ВМКБ таъкид намуд, ки мардуми шаҳри Хоруғ мутмаин бошанд, ки барои аҳолии осоишта ҳеч таҳдиде ба ҳеч сурат эҷод нахоҳад шуд. 

Раиси КДАМ афзуд, ки аксарияти кулли мардуми Бадахшон маърифатпарвар, меҳнатдӯст, бо нону намак, сипосгузор, бо дили саршор аз дӯстӣ, ростӣ ва сидқу сафоянд, вале бархе аз аъмоли ғайриқонунии гуруҳе, ки ба маводи мухаддиру силоҳ сарукор мегиранд, ба имиҷи вилоят латма мезанад.

“Агар соли 1985 созмони ЮНЕСКО дар тафсири солонаи худ, дараҷаи маърифатнокии мардуми Тоҷикистонро аз ҳисоби сокинони ВМКБ барои ҷаҳониён ҳамчун намуна эътироф карда, дар ҷаласаи ҷамъбастии солонааш махсусан қайд карда бошад, дар ҳоли ҳозир манзалат, имиҷи вилоят аз нигоҳи ба ҳар сари аҳолӣ рост омадани зуҳуроти нашъамандӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ҳамчун намунаи манфӣ муаррифӣ мегардад”, - изҳор дошт Ятимов.

Ӯ пеш аз ҳама бемасъулиятӣ ва бефаъолиятии мақомоти давлатиро зикр кард, ки боиси авҷи руҳияи ҷинояткорӣ махсусан дар шаҳри Хоруғ шудааст.

“Барои омодагӣ ба сафари Ҷаноби Олӣ омадам. Ин Кобул аст, ё Хоруғ аст? Мошинҳо рақам надоранд, ҳама мошинҳо сиёҳшиша, радиоро мемонад, баланд мекунад дар тамоми кӯчаҳо мегардад. Айнан ҳамин кор дар Кобул аст. Афсӯс”, - изҳор дошт Ятимов ва афзуд, ин дар шаҳрест, ки ба зебогӣ, боду ҳаво, ҷойгиршавӣ дар ҷуғрофияи афсонавӣ, дар ду соҳили дарёи Ғунд ва бо мардуми ниҳоят бо нангу номус дар ақсои олам соҳиби иззату эҳтиром аст. 

Раиси КДАМ инчунин аз дӯстдории бархе аз ҷинояткорон миёни гуруҳе суҳбат кард ва суолҳое гузошт.

“Як нафари ҷинояткорро прокуратураи вилоят фарёд мекунад, баъд ин худаш мегӯяд, акнун маро шумо сар диҳед, ҳамин мардуми Бархоруғ маро бисёр дӯст медорад. Калимаи дӯст доштан, ишқ муҳаббат, муносибати нек. О ту кадом китоб навиштӣ, ки туро дӯст медоранд, чиро ихтироъ кардӣ, барои кадом хизмат, киро як пиёла об додӣ, ки туро дӯст медоранд? Куҷои сарҳадро аз душман муҳофизат кардӣ, ки туро дӯст медоранд?”, - суол гузошт Ятимов.

Раиси КДАМ илова намуд, ки ҷой доштани ҳамдигарфаҳмӣ ва яроқсупории гуруҳҳои ҷиноятӣ боис шудааст, ки ӯ аз ҳар гуна амалиёт худдорӣ кардааст.

“Шукри тинҷӣ, ки яроқҳоро супориданд, ин чиз моро барои тинҷию оромӣ мутмаин кард. Ин маро ҳамчун нафаре, ки ҷавоби амнияти 9 миллион нафарро мегӯям, водор кард, ки аз гузарондани амалиёт худдорӣ кунем. Модоме, ки ҳамдигарфаҳмӣ аст, саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ супорида истодаанд. Лекин то охир супоранд. Инҳо ҳам шаҳрвандони мо ҳастанд, ин хонаю дар, хонаю дари мо ҳам аст. Давлат вазифадор аст, ки ҳимоят кунад. Лекин ҳар чӣ метавонанд боз фаъолтар қатии мо кор кунанд. Мо бояд шаҳри Хоруғро аз силоҳ озод кунем”, - изҳор дошт Ятимов. 

Ӯ бо зикри супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон барои эҷод накардани таҳдид ба аҳолии осоишта ва таъкиди он, ки инҳо ҳам шаҳрвандони мо ҳастанду хонаю дари онҳо, хонаю дари мо ҳаст, байтеро қироат кард:

Оташ назанд ҳеч касе хонаи худро

Дар ишқи ту гуфтам ҳама афсонаи худро

Ятимов таъкид намуд, ки банди аввали ин байт хеле муҳим аст. 

Раиси КДАМ зарур хонд, ки саркардаҳои гуруҳҳо афродеро, ки дар хонаашон ҳастанд бояд ҷавоб диҳанд, то аз пайи зиндагии худ шаванд.

“Дар хонаи яке аз саркардаҳои муташаккили ҷиноятӣ ҳамин шабу рӯз шумораашонро медонем, афроде ҳастанд, ки на зан доранд, на фарзанд доранд, фаромӯш кардаанд. Ҳеч кас надорад, ба синни 35 рафтааст мардак, дар хонаи ҳамон одам хизматгор. Ҷону дили мо ҳамин аст, мегӯяд. Э мардак бояд хона дошта бошӣ, ҳамроҳи занат зиндагиро барқарор кунӣ. Не, дар хонаи ҳамон одам хидматкор”,  - иттилоъ дод Ятимов ва таъкид намуд, ки бояд чунин афродро равона кунанд зиндагияшонро бо ҳамсарҳо барқарор кунанду ба тарбияи фарзандонашон машғул шаванд.

Саймумин Ятимов кафолат дод, ки дар ин сурат ҳеч амалиёте алайҳи ҳеч нафаре гузаронда нахоҳад шуд.

“Мо кафолат медиҳем, ки касе яроқашро месупорад ва мо мутмаин мешавем, ки дигар ин яроқ надорад, аз роҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ худро канор мекунад, ҳар кас аз пайи зиндагии худ шавад, муқобили инҳо ягон намуди амалиёт гузаронда намешавад”, - таъкид намуд раиси КДАМ.

Ӯ ҳушдор дод, ки агар насупоранд, мо амниятро таъмин мекунем, ихтисоси мо ҳамин аст, мутмаин бошед.

Дар мавриди дидбонгоҳҳо дар Хоруғ, ки ба гуфтаи Ятимов бархе бардоштани онҳоро тақозо мекунанд, ӯ таъкид намуд, ки “ин постҳо гирифта намешаванд, то мутмаин намешавем, ки дар ин маҳал, раиси ҷамоат, раиси шаҳр, раиси вилоят ҳукумат мекунад”.

Раиси КДАМ аз раисони шаҳру ноҳияҳо даъват мекунам, ки ҳукуматро ба даст гиранд.

“Дар куҷое ҷиноят мешавад, раис ҷавоб мегӯяд, ҷавоби шаҳри Хоруғро раиси Хоруғу ноҳияи Шуғнонро раиси Шуғнон мегӯяд. Метавонед кор кардан, таъмин кунед амнияти мардумро дар ҷое, ки шуморо раис мондаанд”, - афзуд Ятимов ва таъкид намуд, ки роҳбар бояд муътақид кардан тавонад.

3040