ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои иловагии идораи телевизион ва радио дар вилояти Суғд, хостори таҳияи барномаҳои рангоранги фарогири мушкилоти ҷомеа шуд.
Ӯ даъват кард, ки дидаю дониста нисбати камбудиҳои ҷомеа чашм напӯшанд, зеро давлат бе камбудӣ нест ва фақат бо таъриф пеш намеравад.
“Дар вақти таҳияи барномаҳо мавзуъҳо бояд рангоранг бошанд. Дар ҷомеаи мо мушкилиҳо хеле зиёд аст. Мавзуъ фақат ба шахсияти як роҳбари давлат намеравад. Самтҳо хеле зиёд ҳастанд. Аз самти иҷтимоию иқтисодӣ гирифта, то дигар мавзуъҳо, ки хеле зиёданд. Афсус, ки аз телевизони марказӣ сар карда, худтаърифкунӣ хеле зиёд аст. Гӯиё ки дар ҷомеаи мо дигар ягон камбудӣ вуҷуд надорад. Ин хел нест, дар давлатдорӣ бе камбудӣ намешавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур аз ҷумла таҳияи барномаҳои таҳлилӣ-танқидӣ аз рафти иҷроиши барномаҳои давлатӣ, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, иҷроиши қарори Ҳукумат барои таҷлили 30-солагии Истиқлолият, сайёҳӣ ва иҷро нагардидани қарорҳоро муҳим хонд.
“Фақат таъриф кардан даркор нест. Вақте аз ҳад зиёд ба таърифкунӣ роҳ медиҳем, ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳем. Камбудиҳоро мо дидаю дониста чашм мепӯшем. Баръакс камбудиро ошкор карда, роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ кардан даркор ва он вақт давлат оҳиста-оҳиста рушду тараққӣ мекунад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ дар хитоб ба масъулини радио ва телевизион гуфт, агар диди васеътар надошта бошед, давлат пеш намеравад:
“Қарорҳои Ҳукумат, супоришҳо, қонунҳои парлумон дар ҷойҳо амалӣ намешаванд. Вақте амалӣ нашуд, бояд гӯем камбудиҳоро ва роҳҳои ҳалашонро ҷӯем. Агар не, боз мегӯям, ки мо рушд намекунем, дар як ҷо меистем”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур аҳли зиёро низ ба ошкорбаёнӣ даъват карда, афзуд, ки худи рӯзноманигор низ бояд огоҳ бошаду мутахассисони касбиро ба баҳсҳо даъват намояд.
Ӯ инчунин изҳор дошт, ки фарҳанг танҳо як санъат нест.
“Телевизиону радио ҷои санъаторҳо шудааст, чунки мутахассисҳои кор мекардагӣ кам дорем. Чашмаҳо дорем, дарёҳо дорем, наметавонем гирифта, ҳамин зебоиро пахш кардан. Барои мо куҳ аст, шаршара аст, лекин барои мардуми дигар як табиат аст, дар бисёри давлатҳо инро сунъӣ месозанд, ки сайёҳонро ҷалб кунанд”, - гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ дар хитоб ба рӯзноманигорон афзуд, ки чашми давлату Ҳукумат шумо ҳастед ва таъкид намуд, ки “намоишҳоятон сунъӣ набошанд, табиӣ бошанд, зеро мардум чизҳои табииро хуб қабул мекунад”.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.
Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.
Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи январ якбора шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфт. Дар давоми ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.
Зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон, фарз кунем нисбат ба вилояти Маскав хело кам аст. Маҳз ҳамин далел шароит фароҳам меоварад, ки паҳншавии вирус бозистад, мегӯяд коршинос.
Ҳамчунин, Карабиненко дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шароити экологӣ ва климати кишвар метавонист боиси камшавии омори коронавирус шавад.
"Феълан ин масъала пажӯҳиш нашудааст, бояд солҳо мушоҳида кард ва он вақт метавон ҷавоби дақиқ дод", - меафзояд ӯ.
Ба гуфтаи табиби рус, бадани одамони гуногун иммунитетро гуногун коркард мекунад. Бархе нафарон умуман ба ин беморӣ антитела ҳосил намекунанд.
"Дар ин ҳолат эмгузаронӣ боиси ҳосил шудани иммунитет дар бадан мешавад ва дар ин ҳолат аз коронавирус антитела ҳосил мегардад", - таъкид кард Карабиненко.
Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд
Ба гуфтаи вай, ваксинаи зидди грипп низ кӯмак мекунад, ки бемории коронавирус сабуктар гузарад ва барои ҳамин бояд ҳама эм карда шаванд.
"Инфексияи коронавирус то абад дар бадани инсон мемонад. Аз вирус ҷои гурез нест ва ба он иммунитети коллективӣ пайдо мешавад", - тавзеҳ дод вай дар анҷом.