Беҳтарин милисаҳои волейболбози Тоҷикистон маълум шуданд

© Вазорати умури дохилаи ТоҷикистонБеҳтарин милисаҳои волейболбози Тоҷикистон маълум шуданд
Беҳтарин милисаҳои волейболбози Тоҷикистон маълум шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба 16 даста тақсим шуда, мусобиқаи волейбол баргузор карданд. Ғолибон аз номи Рамазон Раҳимзода қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Байни кормандони Дастгоҳи марказии вазорат ва Сарраёсату Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе инчунин Академияи ВКД ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаи волейбол баргузор карда шуд, ки дар он 16 даста байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа ҷойи аввалро дастаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ва ҷои сеюмро дастаи волейболбозони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ишғол намуданд.

"Ба ғолибон аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал поковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҷому медал ва Диплому Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0