Эмомали Рахмон принял участие в фестивале атласа и адраса в Согде

Сокинони Душанбе ба ҷашнвораи "Оши палав" даъват мешаванд

187
Дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат маҳорати ошпазии худро пешниҳод менамоянд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълом кардааст, ки дар пойтахт ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мешавад.

"Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи10 ноябри соли 2018, соати 10.00 дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт Фестивали "Оши палав" баргузор мегардад", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар фестивал беҳтарин ошпазҳо аз гӯшаву канори мамлакат маҳорати ошпазии худро пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин дар доираи фестивали мазкур, намоиши ҳунарҳои мардумиишаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.

"Марҳамат ба Фестивали "Оши палав", - менависад шаҳрдорӣ.

Ёдрас мешавем,  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари охирон ба вилояти Суғд ва ширкат дар ҷашнвораи "Оши палав", "Иди асал" ва "Иди харбуза" пешниҳод карда буд, ки чунин ҷашнвораҳо дар дигар гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ низ баргузор гардида, беҳтарин ҳунармандон ҷамъ оварда шаванд.

187