Цветы в память о погибших при нападении на Керченский колледж

Даргузашти ҳунарманди машҳури тоҷик Марат Орипов

109
Хабари реҳлати ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Марат Ориповро духтараш, Марианна Орипова тасдиқ кардааст. “Рӯдаки”-и тоҷик 83 сол дошт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳунарманди мардумӣ ва номии тоҷик Марат Орипов дар синни 83 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Орипов 27 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе (он вақт Сталинобод) ба дунё омадааст. Марат фарзанди ҳунарманди мардумии тоҷик Тӯҳфа Фозилова аст.

Ҳунарманд солҳои 1954 – 1960 дар факултаи актёрии Институти театри бадеии Ташканд таҳсил карда, соли 1965 факултаи режисёрии Институти кинематографии давлатии Русияро хатм намудааст.

Орипов дар бештар аз 20 филм нақш бозидааст. Соли 1960 ба Марат Орипов барои нақши Рӯдакӣ дар филми “Ҳаёти шоир” мукофоти ҷашнвораи Қоир ва фестивали Иттиҳодияи Шӯравиро дар Минск созовор донистанд.

Ҳунарманд охирин нақшашро соли 2014 дар филми “Муаллим” офарид. Барои ин нақш ба Марат Орипов мукофоти 33-умин кинофестивали байналмилалии “Фаҷр” дар Теҳронро доданд.

Афзун бар ҳама, Марат Орипов чун режиёр 6 филм офаридааст.

109