Зажжение газовой конфорки, архивное фото

Тоҷикистон аз Туркманистон газу бензин мехарад

671
(Таҷдидшуда 13:45 30.10.2018)
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо иштирок дар савдои биржаи молу ашёи хоми давлатии Туркманистон имконияти ба даст овардани нефту гази ин кишварро ба даст орад

ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Тоҷикистон хоҳишманди харидории бензину гази Туркманистон шудааст, хабар додааст саҳифаи интернетии “Туркманистон: асри тиллоӣ”.

Соҳибкорони кишвар ҳангоми баргузории  ҳаштумин ҷаласаи Комисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию бозоргонӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе, хоҳишманди харидории маҳсулоти нефтию газии туркманро шудаанд.

Тарафи Тоҷикистон мақсади ба даст овардани қиман бензин, маводи сузишвории дизелӣ, маводи сузишворӣ барои чархболу ҳавопаймо, равған барои муҳарикҳои техникӣ, гази моеъ ва полипропиленро ба воситаи иштирок дар савдои биржаи молу ашёи хоми давлатии Туркманистон доранд.

Ғайр аз ин дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ тарафҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои бозоргонӣ, саноатӣ, нақлиёт, қувваи барқ, экология, маориф, фарҳанг, варзиш ва иқтисодиёт баррасӣ карданд.

Туркманистон хоҳишманди харидории ноқилҳои алюмении Тоҷикистон шудааст.

Дар анҷоми ҷаласа тарафҳо санадҳои лозимаро ба имзо расониданд ва дар назар аст, ки соли оянда ин ҷаласа дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

671
Барчаспҳо:
обу газ, бензин, душанбе, Туркманистон, Тоҷикистон
Сборщицы хлопка

Дар Суғд мусобиқаҳои меҳнатии маъракаи пахтачинӣ 1 октябр ҷамъбаст мегардад

2
(Таҷдидшуда 12:31 20.09.2020)
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябри соли равон сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар вилоят бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоят бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ Ситоди махсуси вилоятии “Ҳосил-2020” фаъолият мекунад.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ҳамзамон, тибқи нақшаи Ситоди вилоятии “Ҳосил-2020”, ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат мегирад.

“Давраҳои минбаъдаи он ҳар 20-рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят парчами шараф барафрохта мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.

Инчунин, ба ҳайати ситоди вилоятӣ масъулини ниҳодҳои марбута шомил буда,​ раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қайд карда шудааст, ҳамчунин миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил карда шаванд.

2
Барчаспҳо:
Суғд, мусобиқа, пахтачинӣ, пахта, Тоҷикистон
Женщины - руководители в Хатлонской области

Шумори заноне, ки дар вилояти Хатлон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, дақиқ шуд

13
(Таҷдидшуда 13:09 20.09.2020)
Дар вилояти Хатлон занону духтарони лаёқатманд 21 дарсади вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатиро ба дӯш доранд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, шумораи занҳои роҳбар дар вилояти Хатлон тайи як соли охир 2617 нафар бештар шуда, ҳоло 9833 нафар бонувони фаъол дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки 1 миллиону 661 ҳазору 675 нафар ё 49,6 фоизи аҳолии вилоятро занон ташкил медиҳанд.

“Имрӯз аз ҳисоби онҳо 4 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 24 нафар вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 343 тан вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 нафар вакили маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Шумораи бонувони коргар дар вилоят ба 196 ҳазору 858 нафар мерасад”, - қайд кардааст мақомоти Хатлон.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки аз 2570 хизматчиёни давлатӣ дар вилоят 463 нафар (18%)-ашон занон мебошанд. Аз ин теъдод 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд.

Инчунин, дар 155 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 19 нафар занон ба ҳайси раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 50 нафар муовинони раисони ҷамоатҳо ва 31 нафар ҳамчун котиби ҷамоатҳои шаҳру деҳот фаъолият доранд.

Ҳамзамон, ҳузури бонувон дар соҳаҳои маориф 23 ҳазору 144 нафар, тандурустӣ 23 ҳазору 717 нафар, фарҳанг 761 нафар, соҳибкорзанон 17 ҳазору 541 нафар, роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ 7 ҳазору 475 нафар, сохтмон ва меъморӣ 466 нафар, саноат 2 ҳазору 633 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, коммуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1 ҳазору 176 нафар, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи бонкӣ 38 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта шудааст, ки тайи солҳои 2016-2019 84 нафар занону бонувон соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки аксари лоиҳаҳои онҳо ба фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шуда, дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

13
Барчаспҳо:
вазифа, занони раҳбар, раҳбар, занон, Хатлон, Тоҷикистон